Кӯмак ба зарардидагон аз офати табиӣ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон

Ёдовар мешавем, ки шаби 11 майи соли ҷорӣ бинобар сабаби боришоти зиёди борон дар ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлолияти ноҳияи Вахш омадани сел ба қайд гирифта шуд.
Дар натиҷаи омодани ин офат ба мардуми деҳа ва маҳаллаҳои ҷамоатҳо хисороти зиёд расид. Аз ин офат 42 манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон пурра ва 31 адади дигар қисман талаф ёфта, заминҳои кишоварзӣ, иншоотҳои ёрирасон зарар дида, чорвои мардум талаф ёфтанд.


Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда, чораҳои мушаххас роҳандозӣ гардиданд. Дар муддати хеле кӯтоҳ сокинони аз оқибати офати қтабиӣ зарардида ба ҷойи бехавф кӯчонида шуда, бо қитъаи замин барои манзили истиқоматӣ ва маҳсулоти сохтмонӣ таъмин шуданд.
Вобаста ба ин ҳодисаи табиӣ Ситоди доимамалкунандаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуда, хисороти расонидашуда муйаян гардидааст.
Ҳамзамон, барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ҳашарҳои дастаҷамъона, аз ҳисоби кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони дигар маҳаллаҳо ташкил карда шуда, дар ҷойҳои осебдида барои тоза кардани манзилу ҳавлиҳои зарардидагон аз гилу лой саҳм гузошта истодаанд.
Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар муассисаҳои ташаббускор тасмим гирифта ба осебдидагон кӯмаки аввалияи хешро расониданд.
Бо ин мақсад ба як зумра оилаҳои зарардида зарфҳои пластикии барои нигоҳдории об, ки ғунҷоишаш 550 литр мебошад ва мошин бо оби ошомиданӣ ба миқдори 15 тонна таъмин карда шуд.

Худи ҳамон рӯз зарфҳои об дар ҷойҳои муайян насб карда бо оби тозаи нӯшокӣ пур карда шуд, ки дар натиҷа зарадидагон бо об таъмин карда шуданд.

Ғайр аз ин, судяҳои судҳои иқтисодӣ тасмим гирифтаанд, ки охири моҳи май як қисми музди меҳнаташонро барои расонидани кӯмак ба дигар шаҳру навоҳии аз офатҳои табии осебдида расонанд.

Маркази матбуотии СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу