Кӯмаки моли ба хизматчиёни қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз бо иқдоми роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суди иқтисодии вилояти Суғд ба муносибати фарорасии иди “Ғалаба” яъне 9 май ва арафаи иди “Сиди Фитр ” ба хизматчиёни қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар мавзеи Санҷидзори ноҳияи Б.Ғафуров кӯмаки молӣ дар намуди маводи озуқавори расонида шуд.

Кумакро Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Қосимзода Сулаймон бо ҳамроҳии судяи ҳамин суд Гулзода С. дастрас намуда хизматчиёнро ба муносибати фарорасии иди “Ғалаба” ва иди “Сиди Фитр” аз роми роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва муборакбод намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу