Машварати кории байниидоравӣ

Имрӯз дар суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Зокир бо иштироки судяҳо ва намояндагони масъули Вазорати молияи, Прокуратураи генералӣ, Бонки миллӣ, БДА ҶТ “Амонтабонк”, мудирони махсус оид ба муфлисшавии бонкҳо машварати кории байниидоравӣ баргузор гардид

Дар машварати корӣ атрофи масъалаҳои баррасии муфлисшавии бонкҳо, барҳамдиҳии ташкилотҳои қарздиҳӣ ва парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ суҳбат ороста шуд.

Инчунин таҳлили амалия дар ин самт, мушкилиҳои ҷойдошта доир ба фурухтани дороиҳои ташкилотҳои муфлисшаванда ва муҳлатҳои баррасии ин гуна парвандаҳо муҳокима карда шуд.

 

Маркази матбуоти СОИ ҶТ.

Напечатать страницу Напечатать страницу