Маросими савгандёдкунии хизматчиёни давлатӣ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикиситон дар ҷамъомади тантанави маросими савгандёдкунии хизматчиёни давлатие, ки тариқи озмун бори аввал ба ансаби маъмурии хизмати давлатӣ таъин гардиданд, баргузор гардид.

Хизматчиён дар савганди худ қайд намуданд, ки тибқи талаботи “Кодекси одоби хизматчии давлатӣ” бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда ҳамчунин ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб менамоянд.

Муовини Раиси суд Аминзода Зокир онҳоро барои ба вазифаҳои нав таъин шудан табрик гуфта, ба хизмати содиқонаю софдилона, ҳифзи манфиатҳои давлатии Тоҷикистон, таъмини волоияти қонун, такмил додани донишу маҳорати касбии худ ва дар фаъолияти касбӣ роҳ надодан ба амалҳои коррупсиони, ки боиси паст задани шаъну шарафи хизматчии давлаӣ мегардад, ҳидоят намуданд.

Қайд менамоем, ки мувофиқи талаботи  моддаи 15 ва моддаи 28, Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ, ки уҳдадориҳои асосии хизматчии давлатиро муқаррар менамояд, шаҳрванде, ки бори аввал ба мансаби маъмурии хизмати давлатӣ қабул мегардад уҳдадор аст, ки савганди хизматчии давлатиро ёд кунад.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу