Истифодаи васеъи китобхонаи суд

Воқеан ҳам, китоб сарчашмаи дониш, аниси кунҷи танҳоӣ, омили асосии ташаккули инсони фарҳангӣ, дӯсти беғараз ва равшангари роҳи имрӯзу фардои ҳар як шахс ва халқияту миллатҳо ба ҳисоб меравад. Китоб – хазинаест, ки барои боз кардани дарҳояш донистани рамзҳои калидӣ шарт нест.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, ки “Китоб ҳамчуни шиносномаи ҳар халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳуввияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад”.

Чи тавре, ки хабар дода будем, дар асоси супориши Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи дастуру ҳилоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти вусъат додани хондани китобҳо ва ташкили китобхонаҳо дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобхона бо шароитҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонидашуда, ташкил карда шудааст. Фонди китобхонаи мазкур зиёдан аз 1500 адад адабиётҳои гунон аз қабили, асарҳои Пешвои миллат, китобҳои соҳавӣ, илми амалӣ, бадеӣ ва маҷаллаҳо мебошад, ки кормандон ва меҳмонон аз он васеъ истифода мебаранд. Ҳамзамон китобхонаи электронӣ ташки гардидааст, ки дар он Махзани муттамаркази иттилооти ҳуқуқии “АДЛИЯ” ба таври электрони дастрас мебошад.

Измӯзҳо ҳатто донишҷӯёне, ки дар Суди Олии итқисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаомӯзи гузаштаанд, аз китобхонаи суд васеъ истифода бурда ба китобхонӣ машғул мешаванд.

Боиси зикр аст, ки  харид ва ҷамъоварии адабиётҳо дар китобхона мунтазам  идома дошта шумораи китобҳо дар китобхона зиёд гардонида мешавад.

Ғайр аз ин аз ҷониби Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи Пешвои муаззами миллат ташкил гардида тамоми асарҳо ва китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъовари гардида барои хонандагон дастрас мебошад.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ.

Напечатать страницу Напечатать страницу