Ҷараёни дарсҳои забономӯзии кормандони суд

Яке аз ҳадафҳои меҳварии Ҳукумати кишвар махсусан дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баланд бардоштани сатҳи занбондонии хизматчиёни давлатӣ мебошад.

Бо ин мақсад ва мақсади дар амал тадбиқ намудани бандҳои Нақша чорабиниҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд,  андешидани тадбирҳо ҷиҳати рушди забони давлатӣ, риоя ва таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсҳои забономӯзӣ ба роҳ монда шудаанд.

Ин дарсҳо бо иштироки кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи забонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, бо ҷалби устодони баландихтисос ба роҳ монда шуда, дар он таваҷҷуҳи хосса ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва риояи дурусти  имлои забони тоҷикӣ ҳангоми корбарӣ равона гардидааст.

Дар баробари дарсҳои забони тоҷикӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ ва рӯси низ ба роҳ монда шудааст, ки кормандон дар он фаъолона иштирок менамоянд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу