Шанбегӣ: Рангубор намудани намои бино ва азнавсозии даромадгоҳ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти суд ва кормандони дастгоҳ шанбегӣ баргузор гардид.

Ин шанбегиҳо бо мақсади иҷрои дарсуру супоришҳои роҳбари давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардида дар он ба тариқи ҳашарҳо корҳои ободониву созандагӣ, сабзу гулкорӣ намудани гирду артофи бино ва тоза намудани утоқҳои корӣ гузаронида мешавад.

Дар ин идомаи ин корҳо бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пурраги рангубор гардид.

Ҳоло корҳо дар азнавсозӣ, сафолпуш ва ба талаботи замон ҷавобгу гардонидани даромадгоҳи бино идома дорад, ки дар он роҳравҳо барои ба бино даромадани маъюбон сохта мешаванд.

Марказӣ марбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу