Ҳамоиш доир ба пешгирии хавфҳои коррупсионӣ ва мубориза бо ин вабои аср

Имрӯз дар Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо, кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо ва кормандони суди иқтисодии вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.

Дар он роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ, муовини сардори раёсати тафтишотии Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамзода Ф, ва судя Азизӣ Ҷ. доир ба масоили пешгирии хавфҳои коррупсионӣ баромад намуданд.

Раиси Суди Олии иқтисодӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мавқеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо коррупсия, татбиқи стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуданд.

Ҳамчунин аз муқаррароти Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдрас гардида, риояи дақиқу бечунучарои ин санадҳои ҳуқуқӣ таъкид гардид.

Қайд гардид, ки судя бояд дар ҳама маврид Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ дигар қонунҳо, стандартҳои рафтори баланди ахлоқиро бечунучаро риоя намояд, дониш ва таҷрибаи худро барои иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи ӯ гузошта шудаанд, истифода кунад. Судя бояд шоистаи номи худ буда, ваколатҳояшро бо маҳорати баланди касбӣ анҷом дода, поку бовиҷдон бошад. Дар ҳама вазъият шаъну шарафи шахсии худро нигоҳ дошта, аз ҳамаи он амалҳое, ки метавонад нуфузи ҳокимияти судиро паст занад ва ба номи неки судя зиён расонад, худдорӣ намояд.

Дар идомаи маҷлис, муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода З., судяи ҳамин Суд Азизӣ Ҷ., Раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон Хайриддинзода А. баромад намуда, фикру мулоҳизаҳои худро доир ба мубориза бо ин вабои аср изҳор намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу