Таҷлили Наврӯз дар ноҳияи Спитамен

Имрӯз дар Қасри фарҳанги Куруши ноҳияи Спитамен ба муносибати  ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ   чорабинии тантанавӣ доир шуд. Дар чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, раиси ноҳия Нӯмонзода Темурҷон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода иштирок намуданд.

Раиси  Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода М. таъкид намуд, ки Наврӯз падидаест, ки ҷаҳони маъниро дар худ нуҳуфта ва розҳои фалсафии он ковишу таҳқиқоти ҷомеъ ва амиқро тақозо доранд.

Гуфта шуд, ки Наврӯз тайи тақрибан 6000 соли таърихи пуршебу фарози хеш мазмуни васеъ ва амиқи иҷтимоӣ ва амалӣ касб намудааст.

Аз ҷумла қайд гардид, ки дар раванди таърих Наврӯз нахуст қадимтарин ва дақиқтарин ҷашни соли нав аст. Маҳз таъйини соли нав, ки мабдаи дақиқи кайҳонӣ дошт, таърихро чун сарнавишти инсон дар дарозои замон маънии воқеӣ бахшид.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки Наврӯз амали созанда ва халлоқро чун нахустунсури фаъолияти инсон муаррифӣ кард, ки баёнгари возеҳтарини он барзгарӣ ва кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ фаъолияти иқтисодӣ ва созандаи иҷтимоист. Маҳз ҳамин амал имкон медиҳад, ки ҷомеа ба пешрафт ва рушди матлуб ноил гардад”- зикр шуд зимни чорабинӣ.

Барномаи фарҳангӣ ба чорабинии тантанавӣ ҳусни бештар бахшид.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ.

Напечатать страницу Напечатать страницу