ҶАШНИ НАВРӮЗ – Котиби маҷлиси судӣ: Ҷаборов Ҳикматулло

Наврӯз ҷашнест созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғкунандаи дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсон. Ин ҷиҳати масъаларо ба эътибор гирифта, Созмони Милали Муттаҳид санаи 23-юми феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Асамблеяи генералӣ қароре ба тасвиб расонд, ки тибқи он рӯзи 21-уми мартро “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” эълон намуданд. Мувофиқи он акнун Наврӯз ҳамасола дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди истиқлолиятро ба даст овардан Наврӯз бо тамоми шукӯҳу ҷалолаш эҳё гашта, ба ҷашни асосии миллии тоҷикон табдил ёфт ва дар саросари ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз ҳунарҳои миллии мардумӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Намоишҳои дастаҷамъии ҳунармандон, бозиҳои миллӣ – гӯштин, бузкашӣ, асппойга ва ғайраҳо баргузор мегарданд. Бисёре аз мардумон ба сайри тамошои дашту саҳрои гулпуши ватани азизамон мебароянд ва аз ҳавои софу беғубор нафас мегиранд. Вокеан Наврӯз ва бахор ин аёми шукофоист, ба ҳар кучое нанигарем хама гулпушу гулрез аст, ки ҳаммаи ин боиси хушнудию хушбахтии мардумон мегардад.

Ҳамватанони азиз Шуморо бо фаро расидани рӯзи нав, бедоршавии табиат, баробар шудани шабу-рӯз, дамидани гулу райхон, баланд шудани навҳаи булбулон – Наврӯзи аҷам табрик намуда беҳтарин хушиҳои ҳаётро бароятон таманно дорам! Бигзор доим дар Ватани мо наврӯз бошад.

Бузургон гуфтаанд:

Парешонхотирам ҷоно, магуй имруз наврузаст,

Касеро рузи хуш бошад, ҳама рузаш наврузаст.

Аз Худованди мутаъол хохони онам, ки хама рузатон хуш бошад ва хушии он барои Шумо наврӯз бошад – наврӯз бароятон хурсандивю хушбахтиву сарфарозӣ бошад.

Бори дигар наврӯзи хуҷастапай муборак ҳамватанони азиз!

Напечатать страницу Напечатать страницу