Дастгирӣ ва аёдати оилаҳои ниёзманд дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз

Дар арафаи ҷашнгири иди Наврӯзи оламафрӯз Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ дар ноҳияи Спитамен ҷиҳати тачлили бошукуҳӣ 30 – солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда бо мақсади иҷрои барқияи ҳукуматӣ  вобаста ба таҷлили иди байналмилалии Наврӯз ба ноҳияи Спитемен сафар намуданд.

Имрӯз Қаландарзода М.С. бо ҳамроҳии намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен  ба аёдати 10 адад оилаҳои ниёзманд ва маъюбони ҷамоати шаҳраки Навкат ва ҷамоати деҳоти Т. Улҷабоеви ноҳия ташриф оварда, ба онҳо маҳсулотҳои ниёзи аввал аз қабили орд, биринҷ, шакар, макарон ва равғани растани ҳамчун тӯҳфаи идона тақдим намуданд.

Иқдоми мазкур дар доираи оинҳои наврӯзӣ ва пайравӣ ба ташаббусу ибтикороти башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ сурат гирифт.

Зимни аёдат аз шароити зиндагии ин оилаҳо шинос шуда, онҳоро аз номи роҳбарияти давлат ва ҳукумати кишвар бо фарорасии фасли зебои баҳор ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда қайд карданд, ки табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ зери таваҷҷуҳи доимӣ ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Сафари корӣ Қаландарзода М.С. бо мақсади иштирок дар оғози ҷаласаҳои ҷашни ва чорабиниҳои фарҳангю фароғатии сокинони ноҳияи Спитамен идома дорад.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу