Наврӯз ва адолат – корманди дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ Эмомализода Н.Э.

Ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои муҳташами бостонии мардуми тамаддунофари тоҷик аст, ки гузаштагони мо тули асрҳо онро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирифтанд ва то ҳол қадру манзалати худро нигоҳ дошта ба сатҳи байналмиллалӣ расидааст. Илова ба он ки Наврӯз ҷашни оғози сол, бедории табиат ва оғози кишту кор ба шумор меравад, инчунин ҷашнест, ки дар ҷараёни он як қатор суннату оинҳои давлатдорӣ расм гардидааст. Яке аз суннатҳои ин марҳила додхоҳӣ аз золимон ба шумор меравад.

Наврӯз ҷашни солинавии ориёӣ мебошад. Дар адабиёти бостонии мардуми форсу тоҷик, араб, юнонӣ, чинӣ ва дигар халқҳои ҷаҳон оид ба Наврӯз ба гунаҳои гуногун иттилоот додаанд. Масалан, яке аз муаллифони қадим Ҷоҳиз дар китоби “Тоҷ” оид ба Наврӯз ва алоқаманд будани он бо адолати судӣ иттилоот додааст. Абурайҳони Берунӣ асосгузори Наврӯз шоҳ Ҷамшедро мешуморад ва рӯзи ба тахт нишастани ӯро чун рӯзи нав – Наврӯз номбар мекунад. Ба ақидаи Фирдавсӣ Наврӯзро Каюмарс – аввалин инсон асос гузоштааст.

Наврӯз ҷашнест, ки доири таърихи пайдоиши он дар манбаҳои илмӣ – таърихӣ фикрҳои мухталифу гуногунмазмун зиёд қисса карда шудаанд. Аз ҷумла, дар “Осор-ул-боқия” оварда шудааст: “Чун Сулаймон бинни Довуд ангуштарии хешро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт, вале пас аз чил рӯз бори дигар ангуштарии худро биёфт ва подшоҳию фармондеҳи бар ӯ баргашт ва мурғон бар даври ӯ гирд омаданд. Эрониён гуфтанд: “Наврӯз омад!””. Инчунин мутафаккир пайдоиши Наврӯзро ба шоҳ Ҷамшед низ нисбат медиҳад: «ва боз ид будани Наврӯзро чунин гуфтаанд, ки чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шайётин онро бардоштанд ва ба як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобул омад ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд».

Дар ҷои дигар чунин ривоятро меоварад: “Ҷамшед зиёд дар шаҳрҳо гардиш менамуд ва чун хост ба Озарбойҷон дохил шавад, ба сарире аз зар нишаст ва мардум ба дӯши худ он тахтро мебурданд. Ва чун партави офтоб бар он тахт битобид ва мардум онро диданд, ин рӯзро ид гирифтанд”. Ривоятҳои овардашуда инчунин дар дигар манбаҳои таърихи тақвият ёфтаанд.

Тибқи китоби мутафаккир Ҷоҳиз “Тоҷ” солшумории ориёиён 360 рӯзро дарбар мегирифт ва панҷ рӯзи боқимонда на ба соли нав ва на ба соли куҳан дохил карда намешуд. Ин панҷ рӯзро гузаштагони халқи тоҷик  “шумурдик” ном бурда, пас аз рӯзи 30-юми моҳи охирини сол иловатан дохил намуда, ҷашн мегирифтанд. Вале вақте ки рӯзи аниқи соли нав – Наврӯз, яъне баробаршавии шабу рӯз – 22 март, муайян мегашт, он рӯзи шашуми соли ҷорӣ илова карда шуда, ҷашн гирифта мешуд. То фаро расидани ин панҷрӯза ба мардум амр дода мешуд, то ба Наврӯз тайёрӣ бинанд.

Тавре қайд намудем, яке аз суннатҳои ҷашни Наврӯз – додхоҳӣ аз золимон ба шумор меравад. Мардум нисбат ба ҳар як золим ва зулм дар давоми панҷрӯза даъво таҳия намуда ба дарбор меоварданд. Охирин рӯзи панҷрӯза шоҳ муҳокимаи додрасиро оғоз менамуд ва як – як бо даъвоҳо шинос мешуд ва куллӣ муддаиён ва ҷавобгарон дар назди шоҳ ҳозир карда мешуданд. Мурофиаи додрасӣ оғоз гардида ҳар як даъво баррасӣ мегардид. Агар дар қатори даъвоҳои пешниҳодшуда – даъво нисбат ба шоҳ низ вуҷуд медошт, Шоҳ аз тахт поин мешуд ва дар баробари муддаӣ, розигии худро барои амали намудани адолати судӣ нисбат ба худаш изҳор мекард. Дар ин ҳолат ба сифати додрас мубади мубадон баромад мекард.

Бо ҳаллу фасл шудани даъвоҳо нисбат ба худаш, Шоҳ боз ба мизи доварӣ менишаст ва ба сифати додрас (қозӣ) додрасӣ менамуд. Албатта, фаҳмо аст, ки аксари ҷавобгарон дар ин додрасӣ амалдорони давлатӣ ва ашхоси бонуфуз буданд, ки мақомоти поёнии ҳокимият нисбат ба онҳо дар амали сохтани адолати судӣ дасткутоҳ буд.

Адолати шоҳӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон бо доварии мардуми ориёӣ, пеш аз ҳама дину оин ва ҷашни Наврӯз сахт алоқаманд мебошад, чунки шоҳони ориёӣ низ намехостанд то аз гуноҳҳо пок нашуда, гунаҳкор Наврӯзро пешвоз гиранд. Онҳо эътиқод доштанд, ки пок шудан аз гуноҳ, ҷавоби зулмро то Наврӯз  додан, сабаби он мегардад, ки соли нав барои онҳо фараҳи нав ва файзи нав меорад. Баракате, ки ба шоҳ ҷашни Наврӯз мебахшад, сабаби беҳтар шудани сатҳи зиндагонии мардум, фаровонҳосилӣ ва пешравии давлат мегардад.

Имрӯз оид ба Наврӯз сухан гуфта, мо меросбарони мардуми ориёӣ бояд суннату оинҳо ва анъанаҳои неки онро зинда гардонем. Албатта ба ҳамин ҷашни ниёгон мутобиқ намудани як қатор чорабиниҳои сатҳи давлатӣ низ дар назар дошта мешаванд. Масалан, қонуни авфро метавон дар арафаи иди Наврӯз қабул ва эълон кард. Ҳамасола додани ордену медалҳо, унвони арбоби хизматнишондода ва ё аълочии соҳаҳои гуногун, ба зиёиён, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, кишоварзонро ба ҳамин ҷашн мувофиқ намудан мумкин аст. Ғайр аз ин, аз сабабе ки фалсафаи Наврӯз ин покӣ, равшанӣ, некукорӣ ва меҳнати ҳалолу ҳаққи ҳалол хурдан аст, метавонем дар пеш аз ин ҷашн як қатор озмунҳо эълон карда, дар арафаи он ордену медалҳо бо номи “Шаҳри зебо ва тоза” ва ба ин монанд дода шаванд. Муҳокима ва ҳисоботи амалдорони давлатиро низ то ҷашни Наврӯз шунида, нисбат ба онҳо чора дидан низ ба суннатҳои ин ҷашн мувофиқ мебошанд. Албатта, адолати судӣ имрӯз аз ҷониби мақомоти махсус – шохаи мустақили ҳокимият, ҳокимияти судӣ амалӣ мешавад, вале роҳбари давлат низ метавонад нисбат ба он амалдороне, ки шикояти мардум аз онҳо зиёд аст, гузориш ва ё ҳисобот талаб намуда, нисбаташон чора бинад.

Додрасии мақомоти маъмурӣ ё иҷроия дар шароити рушди қонунгузорӣ ва назарияи муосири ҳуқуқ қобили қабул нест. Вале мо бояд ҷашни Наврӯзро тибқи суннатҳои таърихии он зинда намоем, ки ҳазорҳо сол амал мекарданд ва танҳо дар ҳамин сурат Наврӯз метавонад дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии кишвар, дар урфу одат, анъана ва дили мардум мавқеи муносиби худро ёфта, барои ваҳдати миллат, мардуми Тоҷикистон ва халқу ҳокимият заминаи устувор гузорад, чуноне ки дар замони таърихии ориёии мо дошт.

Гузашта аз ин, Сарвари давлат дар Паёмашон аз 26 январи соли 2021 махсус бо ифтихор иброз доштанд, ки дар тамоми кишварҳои олам бо забони ноби тоҷикӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз мардум ба якдигар “Наврӯз муборак” мегӯянд ва ин калимаҳо тарҷума надоранд.

Тавре Пешвои миллат дар яке аз баромадҳояшон таъкид кардаанд: “Иморати хештаншиносии тоҷикон дорои ду шаҳсутун аст, ки яке забони модарӣ ва дигаре ҷашни Наврӯз мебошанд. Яъне, забони нобу шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ якҷо бо Наврӯзи фархундаву озода муҷассамаҳои абадзиндаи мардуми ориёӣ ва пояҳои маънавии мавҷудияти таърихии тоҷикон ба ҳисоб мераванд. Ҳар инсони соҳибфарҳанг таърихи халқу сарзаминашро бояд амиқу муфассал донад. Онҳое, ки таърихи халқи худро намедонанд, аз лаззати ҳисси ифтихори миллӣ маҳрум мешаванд ва зуд асири фарҳангҳои дигар мегарданд. Таърих исбот кардааст, ки истилогарон на танҳо аз пайи ғорати молу ашё мешаванд, балки мекӯшанд, ки рукни муҳимтарини ҳастии миллат, яъне забону фарҳанг, аз ҷумла фарҳанги моддии онро аз байн бурда, пояҳои маънавии давлатро шикананд.”

Дар маҷмӯъ, ҷашни Наврӯз бо он суннату оинҳо ва анъанаҳои фарҳангию сиёсиаш бо адолати судӣ ҳамҷавор мебошад, зеро тавре дар боло муайян гашт, яке аз суннати ин ҷашн додхоҳӣ аз золимон ба ҳисоб мерафт ва дар арафаи ин ҷашн мардуми оддӣ, ҳатто шоҳон низ мехостанд то аз гуноҳҳо пок шуда, соли навро бо файзу баракати нав пешвоз гиранд. Ва онҳо бовар доштанд, ки ин амал сабаби беҳтар шудани сатҳи зиндагонии мардум, фаровонҳосилӣ ва пешравии давлат мегардад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, халқи азизи кишварро ба ин ҷашни аҷдодӣ муборакбод намуда, ба ҳамватанони азиз тансиҳатӣ, хонаободӣ, рӯзгору осуда таманно дорам.

Корманди дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомализода Наврӯз

Напечатать страницу Напечатать страницу