Санаи 5 март дар толори Суди Олии иқтисодӣ бахшида ба Рӯзи Модар ва ба хотири арҷ гузоштан ба азамат ва бузургии зан-модар ҷамъомад баргузор гардид. Дар ҷамъомад муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Комилӣ Ф. ва судя Темурзода Ш. баромад намуда бонувон ва занони Суди Олии иқтисодиро ба муносибаи ин рӯзӣ фархунда табрик намуданд
Қайд гардид, ки зан — модар олиҳаи ҳусну малоҳат, офарандаи оламу одам, мураббии башарият ва бақову манзалати ҳар хонадон аст.
Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нуфузу мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, махсусан дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон, зиёд гардид. Занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус барои дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.
Нақш ва мавқеи зан дар таҳкими адолати судӣ дар баробари мардон хеле муҳим мебошад, зеро вазифаҳои ҳокимияти судӣ ва таъмини адолат дар асоси принсипу меъёрҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, баробарҳуқуқии тарафҳо дар ҷараёни баҳсу мунозира ва ба тарзи ошкоро гузаронидани мурофиаи судӣ сурат мегирад, ки ин меъёрҳои қонун кафили воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад.
Дар идомаи ҷамъомад аз ҷониби кормандони дастгоҳи суд шеърҳо аз шоирону нависандагон дар васфи Модар қироат карда шуд.
Дар фарҷом, ба хотири арҷгузорӣ ва саҳми назаррас дар фаъолияти корӣ ба бонувони Суди Олии иқтисодӣ туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ.
Напечатать страницу




