РӮЗИ МОДАР МУБОРК! – Мирзозода Парвиз, Судяи СОИ ҶТ

Аз соли 1975 Созмони Милали Муттаҳид 8-уми мартро чун Рӯзи байналхалқии занон эълон намуд. Дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои собиқ ИҶШС ҳамасола ин рӯзро қайд мегиранд.

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 3 ноябри соли 1995, № 98 номгузории “Рӯзи байналхалқии занон”-ро ҳамчун санади эҳтиром ба ҷашнвораи миллии ниёгони шарафманди мо ба “Рӯзи Модар” иваз намудааст ва ҳар сол дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Тадбири мазкур аз сӯи дигар бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хосае қарор гирифтааст.

Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Зани тоҷик, ки намунаи олитарини зан-модар аст, дар доираи модарсолорӣ аз аввал то имрӯз боқӣ мондааст.

Бинобар ин дар арафаи рӯзи 8 март ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷузъу томҳои низомӣ чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд.  Мардон ва ҷавонон ба модарону бонувон туҳфаву гулдастаҳо дастрас мекунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон модарону бонувонро бо иди рӯзи модар табрику муборакбод менамояд.

Ҳамчунин рӯзи 8 март тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, рӯзи истироҳат муқарар шудааст.

Дар забони тоҷики модарро ҳамчун “Оча”, “Очаҷон”, “Апа” ва “Она” низ номгирӣ менамоянд. Яъне калимаи “Модар” асосан дар адабиётҳо (китобу маҷалаҳо) бештар навишта мешавад, вале дар асл байни мардум бештар “Оча” истифода бурда мешавад.

Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро, меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшандаанд. Навозиши дастони модар барои фарзанд беҳтарин истироҳат аст, новобаста ба синну сол.

Модар барои ҳар инсон азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми Модар баробар ва ҳамрадиф, донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд. Агар тамоми неъмати дунё аз байн биравад, ба шарте, ки зан дар саҳнаи ҳаёт вуҷуд дошта бошад, зиндагӣ боз ҳам қобили таҳаммул аст. Зан барои башарият аз олитарин неъматҳои Худост, ӯ шабу рӯз нигаҳбони ҳаёту созандаи шахсият аст.

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароитҳо, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд.

Мо хуб медонем, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки занро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва сохторҳои қудратӣ ногузир медонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама сола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар, баробари тамоми самтҳои ҷомеа, оид ба мақоми зан дар ҷомеа таъкидҳои саривақтӣ мекунанд.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои зан як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020”, “Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2023”, Консепсияи рушди оила ва “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 – 2022” аз санадҳои меъёрию ҳуқуқие мебошанд, ки бар иловаи дигар асноди муҳим дар даврони соҳибистиқлолӣ ба тасвиб расиданд ва барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварданд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ ҳоло дар судҳои иқтисодӣ 103 нафар кормандон фаъолият мекунанд, ки беш аз 28,1 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Тибқи таъкидҳои Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – модарону бонувони кишвар бояд дар риояи қонунҳои миллиамон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” боз ҳам фаъолтар бошанд ва фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд ва дар поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд.

Бузургон дар васфи модар фармудаанд:

Модар, модар, каси баҳиммат бошад,

Дидори шарифи ӯ ғанимат бошад.

Аз маҳзани панди он бигир арзонӣ,

Фардо чӣ кунӣ, ки ганҷи қимат бошад.

Дар охир бо ин рӯзи баҳори ҳамаи модарону хоҳаронро бо фарорасии фасли баҳор ва Иди Модарон табрику муборак бод намуда, тансиҳатӣ ва беҳтарин рӯзҳои зиндагиро таманно дорам.

Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода П.Т.

Напечатать страницу Напечатать страницу