Расонидани кумак ба маъюбону ниёзмандон яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад

Санаи 13 феврали соли 2021 сокини ноҳияи Файзобод, ҷамоати Файзобод,  ғолиби озмуни “Тоҷикистон Ватани азизи ман” Иброҳими Исмоилзод ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд.

Ҳангоми қабул Иброҳими Исмоилзод иброз дошт, ки маъюб (нобино) мебошад ва барои онҳо дастрас намудани адабиётҳое, ки ҳамарӯза чоп мешаванд дар шакли чопи Брайли дастрас намебошад, аз ин рӯ як гуруҳ нобиноён тасмим гирифтаанд, ки адабиётҳое, ки ба чоп мерасанд онҳоро дар шакли аудиоӣ ба табъ расонанд ва дастраси кулли нобиноён гардонанд. Иброҳими Исмоилзод кайд намуд, ки онҳо дар ин самт як қатор ададбиётҳоро ба тариқи аудиои ба табъ расонидаанд.

Иброҳими Исмоилзод аз роҳбарияти Суди Олии иқтисоди хоҳиш намуд, ки барои ба табъ расонидани шумораи дигари китобҳо ба онҳо кумаки молият расонанд.

Бо ин мақсад аз ҷониби Роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иброҳими Исмоилзод кумаки молиявӣ расонида шуд.

Напечатать страницу Напечатать страницу