Баргузории мизи мудаввар бахшида ба муносибати Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандон бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар оғози мизи мудаввар Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода М.С. суханрони намуда доир ба таърих ва муҳимияти таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуданд.

Қуввахои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи истиқлолияти давлатӣ буда, ҳимоятгари воқеии истиқлоли Ватан, амнияти кишвар ва сулҳу суботи мамлакат мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои боз хам баланд бардоштани қудрати мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мушкил таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва имрӯз ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гаштааст

“Дар Паёми имсолаӣ хеш ба Маҷлиси Олӣ Пешвои муаззами миллат махсус таъқид карданд, ки дар шароити имруза авзои сиёсии ҷахон, торафт вусъат гирифтани мухолифату низоъҳои диниву мазҳабӣ ва доман паҳн кардани терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва фаъолияти гуруҳҳои ҷиноятии фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо ба масъалаи аввалиндараҷа ва хаётан мухим табдил ёфтааст”.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ ва ҷанги тахмилии шахрвандӣ қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва халҷи Тоцикистон содиқона иқро карда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, яъне қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гуруҳҳои экстремистиву террористӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд.

Дар анҷоми мизи мудаввар хайати кормандони судро бахшиба ба ин рӯз табрику таҳният намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ.

Напечатать страницу Напечатать страницу