ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ДАСТУР БАРОИ ҶАВОНОН – Котиби маҷлиси судии СОИ ҶТ, Шарипов Д

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паём ба мақоми олии қонунбарори кишвар, аз ҷавонон ёдовар шуда, онҳоро давомдиҳандаи давлату давлатдории тоҷикон меҳисобанд. Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат дар Паёми имсола низ фароҳам овардани як қатор имкониятҳои нави дигарро барои ҷавонон ироа намуданд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки бо мақсади тадриҷан зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнок, ҳамасола шумораи донишҷӯён ва мутахассисоне, ки ба муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар барои таҳсил ва такмили ихтисос фиристода мешаванд, ду баробар зиёд карда шавад.

Боиси ифтихории миллии ҳар як ҷавони бонангу ори ватан аст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41, донишҷӯён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст. Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад.

Ғайр аз ин, аз Паёми Пешвои миллат бармеояд, ки ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои тоҷик ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Дар баробари ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша ва ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон, Пешвои миллат дастур доданд, ки ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони “Илм – фурӯғи маърифат” гузаронида шавад. Ҳамзамон, қайд намуданд, ки озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони Тоҷикситон истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем.

Инчунин дар Паёми Пешвои миллат омадааст: “Ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд”. Башубҳа ин аз хушбахтии насли ҷавони тоҷик шабоҳат дода, кӯшишу толошҳои нав ба навро аз онҳо тақозо мекунад. Бағайр аз ин, Пешвои миллат хотирнишон намуданд, ки ҳадафи Ҳукумату давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Бинобар ин, ҳар як ҷавони меҳанпарасту ватанпарвари кишварро зарур аст, ки аз Паёми Пешвои миллат, ҳамчун дастур дар пешрафти омӯзиш ва кору фаъолияти худ истифода намояд, барои ободиву озодии ҳарпорчагии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошад, дар тақвият бахшидани илму маърифати тоҷикона ва омӯзиши таърихи фарҳангу маданияти миллӣ кӯшиш ба харҷ диҳад.

Имрӯз дар Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванд, аз ҷумла ҷавонони босаодат шароити воқеии омӯзиши ҳамагуна илму забон ва кору пайкори созанда муҳайё мебошад. Бо истифода аз ин шароиту имкониятҳо ва дастгириҳои пайваста, дар рафти воқеаҳои ҷаҳонии имрӯза ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, зиракии сиёсии худро аз даст надода, дар ҳифзи марзу буми кишвар ва пешрафту ободии меҳан хизмат намуда, зафармандона барои боз ҳам пешрафти меҳан хизмат намояд.

Корманди дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Д.А.

Напечатать страницу Напечатать страницу