Ҷамъбасти натиҷаи озмуни “Беҳтарин судя ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ-ташвиқотчӣ”

Имруз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд  бо мақсади ҷамъбасти натиҷаи озмуни “Беҳтарин судя ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ-ташвиқотчӣ” маҷлиси тантанави баргузор гардид.

Озмуни “Беҳтарин судя ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ-ташвиқотчӣ” ба муносибати созовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 солагии таъсисёбии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар асоси қарори комиссия 

Ғолиби озмуни “Беҳтарин судя” бо ҷоизаи хотиравӣ ва дипломи дараҷаи 1, судяи Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Парвиз сарфароз гардонида шавад.

Бо дипломи дараҷаи 2 судяи Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода Мансур сарфароз гардонида шавад.

 

Бо дипломи дараҷаи 3 судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода Зумрад  сарфароз гардонида шавад.

Бо дипломи дараҷаи 3 судяи суди иқтисодии вилояти Суғд Гулзода Саймаҳмуд сарфароз гардонида шавад

Бо дипломи дараҷаи 3 судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон  Давлатзода Толиб  сарфароз гардонида шавад

Ғолиби озмуни беҳтарин “корманди дастгоҳ-ташвиқотчӣ” бо ҷоизаи хотиравӣ ва дипломи дараҷаи 1 сардори раёсати таъмини ташкили судҳо ва баррасии муроҷиатҳо Асрорзода Зуҳуриддин сарфароз гардонида шавад.

Бо дипломи дараҷаи 2 котиби маҷлиси судии суди иқтисодии вилояти Суғд Исозода Искандар сарфароз гардонида шавад

Бо дипломи дараҷаи 3 котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Субҳонзода Азизҷон сарфароз гардонида шавад.

Маркази матбуоти СИ ҶТ

 

Напечатать страницу Напечатать страницу