Нишасти матбуоти доир ба натиҷаи фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 10 феврали соли 2021 дар толори Суди Олии иқтисодӣ ҷиҳати таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 таҳти № АП-1729 ва Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2020, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №26/10-21  аз 28 январи соли 2021 тасдиқ гардидааст, бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Раиси Суди Одии иқтисодӣ Қаландарзода М. ба кори нишасти матбуотӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба фаъолияти судҳои иқтисодӣ бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар соли 2020 ба ҳозирин маълумоти мухтасар манзур намуд.

Қобили зикр аст, ки судҳои иқтисодӣ рисолати конститутсионии худро бобати ба амал баровардани адолати судӣ новобаста аз таъсири паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 дар соли 2020 дар баъзе аз самтҳо бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст намуд.

Бобати иҷрои вазифаҳои зимни  мулоқоти  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо судяҳои ҷумҳурӣ аз 21 ноябри соли 2019 иброзгардида, тибқи нақшаи чорабиниҳо ҷамъбасти амалияи судии марбут ба парвандаҳо оиди баҳсҳои шартномаи қарзи бонкӣ дар соли 2019, парвандаҳо оид ба ӯҳдадор кардани мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, мақомоти дигар ва шахсони мансабдор доир ба иҷро намудани амали муайян дар солҳои 2018-2019, инчунин баррасӣ накарда монондани шикоятҳои кассатсионӣ дар соли 2019 ва дигар масъалаҳо гузаронида шуда, натиҷаи онҳо дар ҷаласаи васеи судяҳо мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифта.

Иҷрои Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2020, №1504 тасдиқ карда шудааст, таъмин гардида, дастуру супоришҳои ҳамешагии Сарвари давлат дар ин самт ба роҳбарӣ гирифта, марбут ба масъалаҳои пешгирӣ, ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд тадбирҳои мушаххас андешида шудааст.

Бобати иҷрои ҷараёни Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019, №1242 тасдиқ гардидааст, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2020, №1731 ба қисми 7 моддаи 157 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ворид гардида, мавриди амал қарор дорад.

Ҳамчунин доир ба танзими масъалаҳои ба тобеияти судҳои иқтисодӣ мансуб донистани баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, дигар масъалаҳои мурофиаи иқтисодӣ лоиҳаҳои Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардида, пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Ғайр аз ин, бо мақсади саривақт ба ҷомеа расонидани иттилоот аз кори судҳо, таҳкими боварии мардум ба ҳокимияти судӣ, инчунин беҳдошти кори сомонаҳои судӣ, тақсимоти электронии парвандаҳои судӣ ва такмили қонунгузорӣ вобаста ба самтҳои дигари фаъолияти мақомоти судӣ, қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ошкоро будани муҳокимаи судӣ ва ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” қабул гардида, сомонаҳои судҳои иқтисодӣ дар шабакаҳои интернетӣ фаъолият дошта, ахбороту навигариҳо оид ба фаъолияти судҳо, рӯзи баррасии парвандаҳои иқтисодӣ, вохӯрӣ бо аҳолӣ, дигар чорабиниҳо мунтазам дар сомона интишор карда мешаванд. Почтаи электронии роҳбарият, судяҳо ва сардорони воҳидҳои сохтории Суди Олии иқтисодӣ дар сомонаи суд www.soi.tj ҷойгир карда шуда, шахсони иштирокчии парванда, дигар шахсони воқеӣ ва намояндагони шахси ҳуқуқӣ имкон доранд тавассути он бо судя ва шахсони масъул корбарӣ намоянд.

Илова бар ин, гурӯҳи кории байниидоравӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”-ро омода ва Суди Олии иқтисодӣ пешниҳодҳои худро доир ба лоиҳа манзур намуд.

Судяҳои Суди Олии иқтисодӣ дар ҳайати гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок варзида, лоиҳаҳои қонунҳои номбурда омода гардида, айни замон ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст.

Ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои назариявӣ ва амалии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ, мусоидат ба беҳтар гардидани сифати баррасии парвандаҳо, ҷорӣ намудани татбиқи дурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ охири ҳар моҳ машғулиятҳои семинарӣ доир ба мавзуъҳои қобили таваҷҷуҳ баргузор гардида, ҳамзамон сабабҳои тағйирёбӣ ва бекоршавии санадҳои судӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифта, диққати судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо оид ба риояи қатъии қонунгузорӣ, пешгирии содиршавии омилҳои коррупсионӣ, риояи сифату муҳлати баррасии парвандаҳо ҷалб гардида, 22 нафар судяҳои судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ва 6 нафар кормандони дастгоҳи суд (шахсони масъули коргузорӣ) тибқи ҷадвали тасдиқгардида ба бозомӯзӣ дар  Суди Олии иқтисодӣ ва 7 нафар корманди дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба такмили ихтисос  фаро гирифта шудааст. Давраи ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода омӯзиши забони русӣ бо судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд роҳандозӣ гардида, бо сабаби вазъи сирояти коронавирус COVID-19 ва  то муътадил шудани вазъият омӯзиши забонҳои хориҷӣ мавқуф гузошта шуда буд. Айни ҳол омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ идома дорад.

Татбиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 бо маром дар судҳои иқтисодӣ идома дошта, давраи ҳисоботӣ баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, фаҳмонидани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ва пешгирии қонунвайронкуниҳо 3 мурофиаҳои таълимии судӣ оид ба баррасии парвандаҳо тавассути телевизиони Тоҷикистон дар барномаи «Мурофиа» ба намоиш гузошта шудааст.

Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, ба дастгоҳи судҳои иқтисодӣ дар соли 2020 – 370 (300) муроҷиати шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ аз он 55 (14.8%) муроҷиат такроран ворид гардидааст. Аз шумораи зикргардида 359 муроҷиат дар соли 2020 ҳал гардида, 11 муроҷиат барои баррасӣ ба нимсолаи якуми соли 2021 боқӣ мондааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳамчунин 26 (24) лоиҳаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, 270 (147) адад муроҷиатҳо аз Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 58 (83) дархост аз вазорату идораҳо, 2 (9) муроҷиат аз судҳову мақомоти прокуратура ва 54 (66) аризаву дархостҳои дигар ворид гардида, саривақт баррасӣ ва посухҳои дахлдор ирсол карда шудааст.

Бобати иҷрои Паёми Сарвари давлат аз 20 апрели соли 2011 доир ба роҳандозӣ намудани қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбе, судҳои иқтисодӣ дар давраи ҳисоботӣ 424 (811) муроҷиаткунандаро қабул намуда, аз он 233 (601) нафар аз ҷониби роҳбарият ва судяҳои Суди Олии иқтисодӣ ва 191 (210) нафарро раисони судҳои поёнӣ қабул намудаанд. Таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки муроҷиат дар рӯзҳои шанбе нисбат ба соли гузашта 387 адад (47.7%) кам шудааст. Давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ 1485 шахсони воқеӣ ва намояндаи шахсони ҳуқуқиро судяҳои судҳои иқтисодӣ қабул намуда, муроҷиатҳояшонро бо тартиби муқарраргардида ҳал  намудаанд.

Роҷеъ ба иҷрои Фармони Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз 7 феврали соли 2009, таҳти №622, 5 (11) маводи дар воситаҳои ахбори омма ба нашррасида мавриди омӯзиш қарор гирифта, аз натиҷаи онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ахборот ва ба муаллифону рӯзномаҳо маълумот манзур шудааст.

Аз қабулу ҷамъбаст намудани омор бармеояд, ки дар соли 2020 дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ  судҳои иқтисодӣ 3 499(3 563) адад аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо) ва шикояту дархостҳо ворид гардида, аз он 539(750) адад бинобар риоя нагардидани талаботи меъёри мурофиавӣ беҳаракат мононда шуда, қабули 20(16) ариза рад ва 627(689) арзу дархостҳо бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шудаанд. Аз ҷумла, бо баровардани ҳалнома 1805 парванда, истеҳсолот доир ба 131(130) парванда қатъ карда шуда, 132(178) аризаҳо бебаррасӣ мононда, 1(3) адад парванда аз рӯи тобеият ирсол карда шудааст. Дар суди марҳилаи кассатсионӣ 285(207) ва дар суди марҳилаи назоратӣ 300(135) парванда баррасӣ карда шудааст.

Дар давраи зикршуда ба маблағи 409 834 653,87 (278 823 470,34) сомонӣ даъво қонеъ ва бо санадҳои судӣ ба фоидаи давлат ба маблағи 3 027 049,77 (6 461 695,25) сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст.

Ҳамзамон, таҳлилҳои омор собит месозанд, ки дар ин давра ҳангоми муроҷиат ба судҳои иқтисодӣ 3 852 133,32 (5 388 463,07) сомонӣ боҷи давлатӣ ба буҷети давлатӣ пардохт карда шудааст. Дар ҳамкорӣ бо Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаригардида иҷрои санадҳои судӣ ба маблағи 171 234 282,36 (97 199 266,48) сомонӣ (бо дар назар доштани иҷрои санадҳои судии солҳои 2015-2020) воқеан ҳамчун маблағҳои боҷи давлатӣ ва маблағҳои зарару қарзҳои кредитӣ таъмин карда шудааст. Аз ҷумла, андозаи боҷҳои давлатии воқеан ба буҷети давлат воридгардида 6 538 583,52 сомониро ташкил медиҳад.

Шумораи 253(307) парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ шуда, судҳо 244(249) таъинотҳои хусусӣ бароварда, 30(37) ҷамъбастиҳо гузаронида, ба мақомоти дахлдор ҷиҳати пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо 15(25) адад пешниҳодҳо ирсол карда шудааст. Ин нишондиҳандаҳо нисбати давраи ҳисоботии қаблӣ паст буда, то андозае таъсири  паҳншавии бемории COVID-19 низ ҷой дорад.

Мувофиқи Созишнома оид ба тартиби иҷрои мутақобилаи қарорҳои судҳои арбитражӣ, хоҷагӣ ва иқтисодӣ дар ҳудуди давлатҳои ИДМ аз 6 марти соли 1998 (Тоҷикистон 13 декабри соли 2000 №197 ба тавсиб расонидааст)  13(15) адад супоришҳои судӣ воридгардида, аз ин шумора 10 супориши судӣ ба иҷро расонида шуд, 3 супориши судӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Ғайр аз ин, дар давраи мазкур ба судҳои иқтисодӣ 11(2) дархост дар бораи эътироф кардан ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ (арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва судҳои ҳакамӣ) ворид гардидааст.

Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ  раиси Суди Олии иктисодӣ иброз доштанд, ки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд ҳамеша барои ҳамкории доимӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма омода мебошанд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу