Маълумотнома марбут ба фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалбарории адолати судӣ дар соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи аввали соли 2021

Судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ  дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба ҳокимияти судӣ, инчунин ба таври васеъ ҷонибдорӣ намудани пешниҳодҳо вобаста ба ислоҳоти судиро гиромӣ дошта, ҷиҳати иҷрои рисолати конститутсионии ба амалбарории адолати судӣ бо ҳисси масъулиятшиносӣ соли 2020-ро бо нишондиҳандаҳои зерин ҷамъбаст намуданд.

Сипосмандии самимии судҳои иқтисодиро изҳор менамоем, ки мулоқоти Президенти мамлакатро бо судяҳои ҷумҳурӣ аз 21 ноябри соли 2019 натиҷагирӣ намуда, 30 марти соли 2020 сохтори судҳои иқтисодӣ такмил дода шуда, 15 адад воҳиди котибони маҷлиси судӣ ҷудо гардид.

Бобати иҷрои масъалаҳои зимни  мулоқоти  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судяҳои ҷумҳурӣ аз 21 ноябри соли 2019 иброзгардида, Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва иҷрои онҳо бо маром роҳандозӣ гардид. Аз ҷумла, бобати бартараф намудани камбудиҳои дар фаъолияти судҳои иқтисодӣ марбут ба баррасии баҳсҳое, ки бо бонкҳо, сохторҳои молия, сармоягузорӣ, гумрук ҷой доштанд, ҷамъбасти амалияи судии ин қабил парвандаҳо гузаронида шуд. Натиҷаи он дар ҷаласаи васеи судяҳо мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифта, ба барномаҳои омӯзишии Маркази таълимии судяҳои ҷумҳурӣ, ба нақшаи машғулиятҳои омӯзишии судяҳои иқтисодӣ  мавзӯҳои қобили таваҷҷуҳ ворид карда шуд.

Доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба андешидани чораҳои пешгирии бемории коронавирус дар Суди Олии иқтисодӣ бо фармоиши таҳти №12 аз 01 апрели соли 2020 ситоди дохилиидоравӣ таъсис дода, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардидааст. Ситод фаъолияти кории худро бо тартиби муқарраргардида ба роҳ мондааст.

Соли ҳисоботӣ дар  Суди Олии иқтисодӣ бо теъдоди 2 372 китоб, аз ҷумла, бо асарҳои Пешвои миллат, олимон, шоирону нависандагони ватаниву ҷаҳон китобхонаи идоравӣ ташкил гардида, ба судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд шароити хуб баҳри мутолиаи китоб муҳайё карда шуд.

Иҷрои Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2020, №1504 тасдиқ карда шудааст, таъмин гардида, дастуру супоришҳои ҳамешагии Сарвари давлат дар ин самт ба роҳбарӣ гирифта, марбут ба масъалаҳои пешгирӣ, ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд тадбирҳои мушаххас андешида, аз корҳои анҷомдода ба Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия маълумотнома манзур гардид.

Бобати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 соли равон бо мақсади танзими баъзе масъалаҳои мурофиавӣ, ба монанди, такмил додани тартиби даъвати шахсони иштироккунандаи парванда, баррасии парвандаҳо дар суди марҳилаи кассатсиониву назоратӣ, пешгирии кашолёбии баррасии парвандаҳои иқтисодӣ ду лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия ва пешниҳод гардид. Лоиҳаҳои мазкур аз ҷониби ҳокимияти қонунгузор дастгирӣ ёфта, он қабул ва мавриди амал қарор гирифт.

Ҳамчунин, ҷиҳати танзими масъалаҳои ба тобеияти судҳои иқтисодӣ мансуб донистани баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, дигар масъалаҳои мурофиаи иқтисодӣ лоиҳаҳои Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардида, пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуд.

Судяҳои Суди Олии иқтисодӣ дар ҳайати гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок варзида, лоиҳаҳои қонунҳои номбурда омода гардида, айни замон ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст.

Ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои назариявӣ ва амалии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ, мусоидат ба беҳтар гардидани сифати баррасии парвандаҳо, ҷорӣ намудани татбиқи дурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ охири ҳар моҳ машғулиятҳои семинарӣ доир ба мавзуъҳои қобили таваҷҷуҳ баргузор гардида, ҳамзамон сабабҳои тағйирёбӣ ва бекоршавии санадҳои судӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифта, диққати судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо оид ба риояи қатъии қонунгузорӣ, пешгирии содиршавии омилҳои коррупсионӣ, риояи сифату муҳлати баррасии парвандаҳо ҷалб гардида, 22 нафар судяҳои судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ва 6 нафар кормандони дастгоҳи суд (шахсони масъули коргузорӣ) тибқи ҷадвали тасдиқгардида ба бозомӯзӣ дар  Суди Олии иқтисодӣ ва 7 нафар корманди дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба такмили ихтисос  фаро гирифта шудааст. Давраи ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода омӯзиши забони русӣ бо судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд роҳандозӣ гардида, бо сабаби вазъи сирояти коронавирус COVID-19 ва  то муътадил шудани вазъият омӯзиши забонҳои хориҷӣ мавқуф гузошта шуд.

Барои мусоидат дар таҳияи санадҳои судии асосноку қонунӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи дурусти ягонаи судӣ маҷмӯаи қарорҳои Пленуми Суди Олии иқтисодӣ (солҳои 2018-2019) ва Ахбори Суди Олии иқтисодӣ марбут ба фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар шакли китоб омода ва барои истифодаи хизматӣ ба судяҳои судҳои иқтисодӣ дастрас карда шудааст.

Бо мақсади саривақт ба ҷомеа расонидани иттилоот аз кори судҳо, таҳкими боварии мардум ба ҳокимияти судӣ, инчунин беҳдошти кори сомонаҳои судӣ, тақсимоти электронии парвандаҳои судӣ ва такмили қонунгузорӣ вобаста ба самтҳои дигари фаъолияти мақомоти судӣ бобати боз ҳам шаффоф гардонидани фаъолияти судҳо сомонаҳои судҳои иқтисодӣ дар шабакаҳои интернетӣ фаъолият дошта, ахбороту навигариҳо оид ба фаъолияти судҳо, рӯзи баррасии парвандаҳои иқтисодӣ, вохӯрӣ бо аҳолӣ, дигар чорабиниҳо мунтазам дар сомона интишор карда мешаванд.

Почтаи электронии роҳбарият, судяҳо ва сардорони воҳидҳои сохтории Суди Олии иқтисодӣ дар сомонаи суд www.soi.tj ҷойгир карда шуда, судҳои иқтисодӣ баҳри роҳандозӣ намудани корбарии электронӣ бо шахсони иштирокчии парванда, дигар шахсони воқеӣ ва намояндагони шахси ҳуқуқӣ фаъолона корбарӣ менамоянд.

Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, дар ин давра ба дастгоҳи судҳои иқтисодӣ 370 (300) муроҷиати шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ аз он 55 (14.8%) муроҷиат такроран ворид гардидааст. Аз шумораи зикргардида 359 муроҷиат ҳал гардида, 11 муроҷиат дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳамчунин 26 (24) лоиҳаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, 270 (147) адад муроҷиатҳо аз Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 58 (83) дархост аз вазорату идораҳо, 2 (9) муроҷиат аз судҳову мақомоти прокуратура ва 54 (66) аризаву дархостҳои дигар ворид гардида, саривақт баррасӣ ва посухҳои дахлдор ирсол карда шудааст.

Баҳри таъмини иҷрои дастури Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2011 доир ба роҳандозӣ намудани қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбе, судҳои иқтисодӣ дар давраи ҳисоботӣ 424 (811) муроҷиаткунандаро қабул намуда, аз он 233 (601) нафар аз ҷониби роҳбарият ва судяҳои Суди Олии иқтисодӣ ва 191 (210) нафарро раисони судҳои поёнӣ қабул намудаанд. Таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки муроҷиат дар рӯзҳои шанбе нисбат ба соли гузашта 387 адад (47.7%) кам шудааст. Давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ 1485 шахсони воқеӣ ва намояндаи шахсони ҳуқуқиро судяҳои судҳои иқтисодӣ қабул намуда, муроҷиатҳояшонро бо тартиби муқарраргардида ҳал  намудаанд.

Вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» дар ин давра 5 (11) мавод мавриди омӯзиш қарор гирифта, аз натиҷаи онҳо нисбати 5 (11) адад ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзномаҳо ва муаллифони мақола ҷавоб ирсол гардидааст.

Бо мақсади ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии онҳо, пешгирӣ намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда 3 нафар аз ҳисоби судяҳои судҳои умумӣ, 1 нафар баъди хатми курси яксолаи коромӯз-судя дар судҳои иқтисодӣ ба ҳайси судя ва 1 нафар судя ба мансаби муовини раис таъин карда шудааст. Моҳи августи соли 2020 озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ бо риояи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ баргузор гардида, 24 нафар бо гирифтани холи гузариш аз озмун гузашта, (аз ҷумла, 9 нафар занону ҷавондухтарон) ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар судҳои иқтисодӣ таъин карда шуданд.

Ҳамзамон, ҷиҳати амалишавии Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 дар сохтори судҳои иқтисодӣ чораҳо андешида шуда, аз шумораи умумии роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ 29(20) нафар ё 28,1 % занон буда, аз он 4 нафар ё 20,0 % ҳайати роҳбарикунандаро ташкил дода, корбарӣ дар ин ҷода идома дорад.

Натиҷаи омӯзиш ва таҳлили омори фаъолияти судӣ дар самти ба амалбарории адолати судӣ собит месозад, ки ба судҳои иқтисодӣ 3 499(3 563) адад аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо) ва шикояту дархостҳо ворид гардида, аз он 539(750) адад бинобар риоя нагардидани талаботи меъёри мурофиавӣ беҳаракат мононда шуда, қабули 20(16) ариза рад ва 627(689) арзу дархостҳо бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шудаанд. Аз ҷумла, бо баровардани ҳалнома 1805 парванда, истеҳсолот доир ба 131(130) парванда қатъ карда шуда, 132(178) аризаҳо бебаррасӣ мононда, 1(3) адад парванда аз рӯи тобеият ирсол карда шудааст. Дар суди марҳилаи кассатсионӣ 285(207) ва дар суди марҳилаи назоратӣ 300(135) парванда баррасӣ карда шудааст.

Ҳамин тариқ, дар давраи ҳисоботӣ сарбории судяҳо 3 840 (4134) ададро ташкил дод.

Давраи ҳисоботӣ зимни муроҷиат ба судҳои иқтисодӣ аз ҷониби шахсони воқеиву ҳуқуқӣ 3 852 133, 32 (5 388 463,07) сомонӣ боҷи давлатӣ ба буҷети давлатӣ пардохт гардидааст.

Доир ба рӯёнидани маблағҳои зарар ва қарзи кредитӣ дар ҳамин давра ба маблағи 409 834 653,87 (278 823 470,34) сомонӣ талаби даъво қонеъ гардида, ба маблағи 3 027 049,77 (6 461 695,25) сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст. Оид ба рӯёнидани ин маблағҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ варақаи иҷро ирсол шудааст.

Қобили қайд аст, ки дар натиҷаи ҳамкорӣ бо Хадамоти иҷро натиҷаҳо нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида, тибқи маълумоти дастрасгардида дар давраи ҳисоботӣ иҷрои санадҳои судӣ ба андозаи 171 234 282,36 (97 199 266,48) сомонӣ (бо дар назар доштани иҷрои санадҳои судии солҳои 2015-2020) воқеан ҳамчун маблағҳои боҷи давлатӣ ва маблағҳои зарару қарзҳои кредитӣ таъмин карда шудааст. Аз ҷумла, андозаи боҷҳои давлатии воқеан ба буҷети давлат воридгардида 6 538 583,52 сомониро ташкил медиҳад.

Иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷониби судҳои иқтисодӣ идома дорад. Судҳои иқтисодӣ 253(307) парвандаҳоро дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ намуда, доир ба парвандаҳои баррасигардида дар 244(249) ҳолат вайронкунии қонун ошкор карда шуда, ҷиҳати бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба вайронкунии қонун оварда расонидааст, бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор таъинотҳои хусусӣ бароварда, барои чораҷӯӣ ирсол карда шудааст. Ҳамзамон, тариқи телевизион ва радиои марказию маҳаллӣ, дар вохӯриву мулоқот бо аҳолӣ 1 034 (1 496) маротиба баромадҳо, дар матбуот 155(137) ва дар сомонаҳо 175(81) мақолаҳои илмиву оммавӣ ба чоп расонидаанд. Коҳиш ёфтани баргузории мурофиаҳои сайёри судӣ ва мулоқоту вохӯриҳо бо аҳолӣ нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли қаблӣ бо вазъи паҳншавии бемории сироятии нав рабт дорад.

Дар ин давра, 30(37) ҷамъбасти амалияи судии баррасии парвандаҳо гузаронида шуда, барои бартараф намудани сабабу омилҳои ҳуқуқвайронкуниҳо, пешгирӣ ва ислоҳи камбудиҳои роҳ додашуда 15(25) пешниҳод ба мақомоти дахлдор ирсол гардидааст.

Ғайр аз ин, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба аҳолӣ фаҳмонидани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ва пешгирии қонунвайронкуниҳо 3(6) мурофиаҳои таълимии судӣ оид ба баррасии парвандаҳо тавассути телевизиони Тоҷикистон дар барномаи «Мурофиа» ба намоиш гузошта шудааст.

Иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шартномаҳои байналмилалӣ бармеоянд, таҳти назорат қарор дошта, бобати иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шартномаҳои байналмилалӣ бармеоянд, дар ин давра ба судҳои иқтисодӣ ҳамагӣ 13(15) супориши судӣ ворид гардида, аз ин шумора 10 супориши судӣ ба иҷро расонида шуда, 3 супориши судӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ғайр аз ин, дар давраи мазкур ба судҳои иқтисодӣ 11(2) дархост дар бораи эътироф кардан ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ (арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва судҳои ҳакамӣ) ворид гардидааст.

Фаъолияти ба амалбарории адолати судӣ аз ҷониби судҳои иқтисодӣ дар соли 2020 рӯзи 8 январи соли равон дар ҷаласаи васеи Раёсати Суди Олии иқтисодӣ натиҷагирӣ карда шуда, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат зимни мулоқот бо судяҳои ҷумҳурӣ бобати бартараф кардани ҳолатҳои зикршуда ва баланд бардоштани масъулияти судяҳо ҷиҳати иҷрои рисолати касбиашон беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд.

Бинобар он, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, вазифагузорӣ ва андешидани тадбирҳои зерин дар нимсолаи якуми соли 2021 ба мақсад мувофиқ дониста шудааст:

  1. Мавриди таҳлил, омӯзиш ва баҳодиҳӣ қарор додани ахбороти ҳар як судя ва корманди дастгоҳи суд, андешидани тадбирҳои дахлдор ба ҳар як ҳолати камбудии ошкоргардида.
  2. Ҷалб намудани таваҷҷӯҳи судяҳо барои риояи меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо зимни баррасии парвандаҳо, мавриди санҷиш қарор додани риояи муҳлати баррасии парвандаҳо, ҳолатҳои мавқуфгузорӣ ва боздоштани истеҳсолоти парванда, сифати таҳияи санадҳои судӣ, сари вақт додани ҳуҷҷати иҷро.
  3. Таҳлилу баҳодиҳии сабабҳои тағйирёбӣ ва бекоршавии санадҳои судӣ, андешидани тадбирҳои иловагӣ бобати пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани масъулияти судяҳо ва мусоидат ҷиҳати қабули санадҳои судии қонуниву асоснок, тавассути ҷорӣ намудани бозомӯзии судяҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ ва қабули қарорҳои Пленуми Суди Олии иқтисодӣ.
  4. Идомаи риояи дақиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар коргузории судҳои иқтисодӣ, баланд бардоштани масъулияти судяҳо ҷиҳати риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, услуби баён, возеҳу равшан ва фаҳмо ифода кардани маълумотҳои муқарраркардаи қонунгузорӣ зимни таҳияи санадҳои судӣ.
  5. Пайваста идома додани омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ байни судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ;
  6. Иштироки фаъолона дар гурӯҳи корӣ бобати иҷрои Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021.
  7. Баҳри воқеан баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 бо роҳандозӣ намудани вохӯриву мулоқот бо шаҳрвандон, соҳибкорон, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ташкилоту муассиса ва корҳонаҳо бо таваҷҷуҳ ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма.
  8. Андешидани чораҳои қатъӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, рӯёнидани зарарҳои расонидашуда. Омӯзишу таҳлил намудани сабабҳои батаъхирандозӣ, мавқуфгузорӣ ва боздоштани иҷрои санадҳои судӣ.
  9. Таҳти назорат қарор додани фаъолияти молиявии Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо, шаҳри Душанбе оид ба истифодаи маблағҳои буҷетӣ ва амволҳои дар ихтиёрашон буда.
  10. Андешидани тадбирҳои дахлдор ҷиҳати баланд бардоштани шароити моддию техникии судҳо ва таъмини назорати истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои буҷетӣ

 

Напечатать страницу Напечатать страницу