Даъват барои иштирок дар нишасти матбуотӣ

Тибқи Нақшаи тасдиқгардида оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2020 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон аз 15 сентябри соли 2011 №АП-1729 санаи 10 феврали соли 2021  соати 11:00  дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, суроғаи  шаҳри Душанбе,  кучаи  Фотеҳ Ниёзӣ 37 ошёнаи дуюм  нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 баргузор мегардад.

Ташрифи намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба қайд гирифта шудаанд (аккредитация) интизорем

Хоҳишмандон метавонанд маълумоти муфассалро оид ба фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ аз сомонаи мазкур дастрас намоянд.

Маълумотнома марбут ба фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалбарории адолати судӣ дар соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи аввали соли 2021

Маркази матбуоти СОИ ҶТ.

Напечатать страницу Напечатать страницу