Ба такмили ихтисос фаро гирифтани кормандони суд

Аз санаи 25 то 29 январи соли 2021 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани “Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, сардори шуъбаи муҳосибот ва таъминоти моддию техникии судҳо Ҷумазода М. ва сармутахассиси хамин шуъба Ғоибов Ғ  дар курси такмили ихтисос, ки аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодӣ Тоҷикистон бо ҷалби сармуҳосиб ва мутахасисони бахши молияи вазорату идораҳо гузаронида шуд, иштирок намуданд.

Курси омӯзишии мазкур дар доираи Лоиҳаи “Дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ” баргузор гардида дар низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ (TFMIS-SGB.net) се модули иловагӣ, аз ҷумла модулҳои идоракунии маблағҳои пулӣ, идоракунии уҳдадориҳо ва идоракунии дороиҳо омузонида шуд.

Маълум гардид, ки кибқи нақша дар назар дошта шудааст, ки модулҳои зикргардида аз моҳи январӣ соли 2021 марҳила ба марҳила мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, амалиётҳои пулии муасисаю ташкилотҳои буҷетӣ таввасути онҳо анҷом дода мешавад.

Ҳамчунин кормандоне, ки аз курси такмили ихтисос гузантанд, вазифадор гардидаанд, ки бо муҳосибони судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе доир ба модулҳои зикргардида омузиш гузаронанд.

Дар фарҷоми курси такмили ихтисос ба кормандон сертификати  Маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодӣ Тоҷикистон тақдим гардид.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ.

Напечатать страницу Напечатать страницу