ДАСТГИРИИ ЯТИМОН ДАСТГИРИИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ!

Таъмини шароити зминдагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шахс самти афзалиятноки Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад. Аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои мпуаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибон ва ғамхори ятимон, шахсони яккаву танҳо ва нафарони барҷомонда буда, мунтазам барои таъминоти онҳо чораҳои муассир меандешанд.

Сарвари хирадманду оқили Тоҷикистон ҳамеша бо хислатҳои нодиру раъиятпарварии хеш дар фикри беҳбудии шароити зиндагии мардуми эҳтиёҷманд, ятимон, барҷомондагон ва шахсони бесаробону камбизоат буда, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан ба ин табақаи ниёзмандро аз аҳли ҷомеа борҳо талаб менамоянд. Ҳамин аст, ки пайваста таъкид мекунанд, ки “Ман ҳеҷ вақт ятими кулро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям”.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба мақомоти олии қонунгузор ва намояндагӣ, ки санаи 26 январи соли 2021 баргузор гардид, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки “Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд.”

Дар асно Пешвои маҳбуби миллат зарур шумориданд, ки дастгирии давлатии ятимонро идома дода, аз 1–уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад.

Нафақаи кӯдакони маъюби то 18 – сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз, инчунин, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад.

Иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллат барои беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии қариб 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз гурӯҳҳои осебпазири зикршуда мусоидат хоҳад кард. Пеш гирифтани иқдоми мазкур дар давраи ҳассоси молиявӣ яке аз хислатҳои башардустона ва ғамхоронаи Сарвари давлат мебошад.

Ба ғайр аз ин, Ҳукумати мамлакат ба таълим ва тарбияи кӯдакони ятим диққати махсус зоҳир намуда, дар қисми 3 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” уҳдадорӣ гирифтаст, ки барои таълиму тарбия ва ҳифзи кўдакони ятим ва  маъюб ғамхорӣ намуда, ба онҳо шароити мусоид  фароҳам меорад.

Бо мақсади иҷрои уҳдадории мазкур Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки барои бунёди се мактаб – интернати Президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе чораҷӯӣ намояд.

Иқдомаи мазкури Сарвари давлат ба таъмин, таълим ва тарбияи кӯдакони ятими кулл равона гардида, дар натиҷаи иҷрои ҳадафи мазкур ҳар як кӯдаки ятим дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Сарвари давлат ба сифат ва шароитҳои муассисаҳои мазкур аҳамияти махсус зоҳир намуда, дар идомаи иқдомашон таъкид намуданд, ки “дар ин муассисаҳо мисли мактабҳои байналмилалии Президентӣ шароити беҳтарини таҳсил ва зиндагӣ муҳайё карда шавад.”

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ сохта ба истифода дода шудани се мактаб– интернати Президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ супориш дода шуд, ки барои соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани ҳар як ятими кулл, соҳиби ҷойи кор ва зиндагии мустақилона шудани онҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки айни ҳол Пешвои муаззами миллат нисбати ятимону бепарасторон ғамхории падарона зоҳир намуда, намегузоранд, ки онҳо худро яккаву танҳо ҳис намоянд. Онҳоро ҳамчун ҷавонони ояндасози миллат арзёбӣ намуда, барои дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар ба омӯзиши илму дониш фаро гирифтани онҳо ва дар ин ҷода омода намудани мутахассисони касбӣ барои бахшҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ чораҳои муассир андешида истодаанд.

Ҳамроқулзода Борбад Аслиддин- мутахассиси пешбари Раёсати коргузорӣ ва назорати Суди Олии иқтисодӣ

Напечатать страницу Напечатать страницу