Иштироки кормандони суд дар ярмарка фуруши китоб

Имрӯз дар назди бинои Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмарка фуруши китоб баргузор гардид, ки дар он кормандони Суди Олии итисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур  ин дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар хусуси ба китобхонӣ ҷалб намудани аҳолӣ мебошад.

Ярмарка фуруши китоб бо ташшабуси Муассисаи нашриявии «Адиб» баргузор карда шуд. Дар он асарҳои бадеӣ, адабиёти классикии форсу тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, ҳамчунин асарҳои Асосгузори Судҳу ваҳдати милли – пешвои миллат Эмомали Раҳмон низ ба намоиш гузошта шуд, ки аз он баҳри ғани гардонидани китобхонаи Суди Олиии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон асарҳои Асосгузори Судҳу ваҳдати милли – пешвои миллат Эмомали Раҳмон, асарҳои бадеи, ғазалиёт ва ашъори мунтахаб харидори карда шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар асоси супориши Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи дастуру ҳилоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти вусъат додани хондани китобҳо ва ташкили китобхонаҳо дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобхонаи замонавӣ бо шароитҳои лозима муҷаҳҳазгардонида шуда ташкил карда шудааст. Фонди китобхонаи мазкур зиёдан аз 1500 адад адабиётҳои гунон аз қабили, асарҳои Пешвои миллат, китобҳои соҳавӣ, илми амалӣ, бадеӣ ва маҷаллаҳо мебошад. Ин рақамҳо зиёдшаванда мебошанд, зеро харид ва ҷамъоварии адабиётҳо дар китобхона мунтазам зиёд шуда истодааст.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ.

 

Напечатать страницу Напечатать страницу