Спитамен: Таҳлил ва баррасии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2020

Имрӯз, санаи 14 январи соли 2021  дар толори калони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2020 баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки дар маҷлиси ҷамъбастӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Азамат Азимӣ иштирок намуданд.

Ба баррасии маҷлиси фаъолон  масъалаи «Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2020 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда» пешниҳод гардид, ки аз рӯйи масъалаи мазкур муовини Раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ ҳисобот дод.

Пас аз маърӯзаи асосӣ сардори нозироти андози ноҳия Амирзода С., мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Дадабоев Н., сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Обидзода М., роҳбари Кӯмаки аввалияи тиббии санитарии ноҳия Расулзода И. ба сухан баромада, оид ба фаъолияти худ ҳисобот доданд.

Дар рафти маҷлис аз якчанд роҳбарони ташкилоту идораҳо ва раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия пурсиш ба амал оварда шуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта вазифаҳои мушаххас дода шуд.

Дар охир намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Азимӣ А. оид ба натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2020 ибрози ақида намуданд.

Лозим ба зикр аст, ки дар фарҷоми маҷлиси ҷамъбастӣн барои ноил шудан ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ дар самти рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2020 якчанд роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ  шуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу