Ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар соли соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2021

Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати  ба амал  баровардани  адолати  судӣ  дар соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2021 баргузор гардид.

Дар ҷаласа Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда, Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров Содиқ Ашурович, муовинони Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо,  кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, раисон ва судяҳои судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Мутобиқи  рӯзноми  маҷлис оид ба ҷамъбастии фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми  соли 2021 Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда маърӯза намуда, сипас ахбороти  муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода Зокир оид ба натиҷаи  фаъолияти марҳилаи кассатсинӣ ва назоратӣ  шунида шуд. Сипас оид ба натиҷаи фаъолият Раисони суди иқтисодии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе баромад намуданд.

Дар идомаи маҷлис натиҷаи фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳури барраси гардида вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар охир Лоиҳаи қарори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисоди дар   соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2021 – ро муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Зокир ироа намуданд, ки аз тарафи аъзоёни Раёсати Суди Олии иқтисодӣ якдилона қабул гардид.

Натиҷаи фаъолияти судҳои иқтисоди дар 2020 пурра ва муфассал иловатан дар ҳамин сомона интишор мегардад.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу