Муҳаммад Осимӣ

Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ (1920—1996) – файласуф, доктори илмҳои фалсафа (1971), академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1965), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1978). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1965—1988). Муҳаммад Осимӣ Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм кардааст (1941). Солҳои 1941—1946 дар сафҳои Армияи Шӯравӣ хизмат ва дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок кардааст.

Солҳои 1946—1952 мудири кафедраи физика ва муовини директор оид ба корҳои илмию таълимии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Ленинобод, муовини директори Донишкадаи омӯзгории ш.Хуҷанд, 1952-1955 аспиранти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ, 1956—1962 ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ва соли 1962 Вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон буд.
Солҳои 1962—1965 ба ҳайси раиси Коммитети назорати ҳизбию давлатӣ, котиби КМ ҲК Тоҷикистон ва ҷонишини раиси Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1965 вазифаи Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистонро иҷро намудааст. Ҳамзамон солҳои 1991—1996 вазифаи раиси Ҷамъияти Пайвандро бар дӯш дошт.
Охирҳои солҳои 80-ум ва ибтидои 90-уми асри XX дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев ба донишҷӯён ва аспирантон аз фанни фалсафа дарс гуфтааст. Зери роҳбариаш шогирдони зиёде рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд. Ӯ вакили съездҳои ХХIУ, ХХV ва ХХVI-и ҲКИШ, депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 6), депутати Совети Олии ИҶШС (даъватҳои 7 ва 14) ва аъзои КМ ҲК Тоҷикистон (1962) буд.
Ҷоизаҳо: бо ду ордени Ленин, «50-солагии Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС», Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру (1980) мукофотонида шудааст.

www.vkd.tj

Напечатать страницу Напечатать страницу