Аёдати кӯдакони ятиму фарзандони оилаҳои камбизоат дар арафаи Соли нави мелодӣ

Дар арафаи соли нави мелодӣ Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода М.С. ба интернати наздимактабии ноҳияи Спитемен, ки дар он кӯдакони ятиму фарзандони оилаҳои камбизоат тарбия мегиранд, ташриф оварда ба онҳо туҳфаҳои солинавӣ аз ҷумла, як адад компютери замонавӣ бо тамоми таҷҳизотҳояш ва таҷҳизоти аудидои барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, инчунин туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда, бо онҳо суҳбат оростанд.

Ҳангоми суҳбат бо ятиму фарзандони оилаҳои камбизоат қайд гардид, ки табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ зери таваҷҷуҳи доимӣ ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии миллӣ,  сатҳи дониш ва ҷалби бештари хонандагони ин боргоҳ ба хондани китоб, 40 адад китобҳои бадеии шоирону нависандагони халқи тоҷик тақдим намуданд.

Ҳамчунин, кормандони Суди Олии иқтисодӣ бахшида ба ҷашни Соли нави медолӣ ба кудакону парасторони Хона-интернати кӯдаконаи №1 шаҳри Душанбе кумаки моддӣ аз қабили молҳои ниёзи аввал барои кудакон ва маҳсулоти гигиенӣ дастрас карда шуд. Ба хотири дастгирии кормандони ниёзманд ба 6 нафар кормандони ҳайати хизматрасони эҳтиёҷманди Суди Олии иқтисодӣ  кумаки молиявӣ расонида шуд.

Бояд таъкид кард, ки дар сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам сохтани зиндагии шоиста барои ин табақаи ҷомеа ҳамчунин дастгирии оилаҳои ниёзманд, мавқеи меҳварӣ дорад.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу