Ба таваҷӯҳи шахсони иштирокчии парвандаҳои иқтисодӣ

Ба маълумоти даъвогарон, ҷавобгарон, шахсони сеюм, шахсони манфиатдор, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ мерасонем, ки дар сомонаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон почтаи электронии ҳар як судя фаъолият дорад. Шахсони иштирокчии парвандаҳои иқтисодӣ метавонанд бо ҳар як судя бо тариқи почтаи электронӣ корбарӣ намоянд.

Аз ин рӯ, бо мақсади таъмини баррасии саривақтии парвандаҳои иқтисодӣ ва риояи дақиқи муқаррароти моддаҳои 124, 134 ва 135 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоҳиш менамоем, ки ҳангоми муроҷиат ба судҳои иқтисодӣ дар ариза, аризаҳои даъвогӣ, шикоятҳо ва дархостҳо рақами телефон, факсҳо, суроғаи почтаи электронӣ ба таври ҳатмӣ нишон дода шавад.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу