Маълумотнома оид ба фаъолияти Шӯрои Раисони судҳои Олии арбитражӣ, хоҷагӣ, иқтисодӣ ва дигар судҳо оид ба алли баҳсҳои иқтисодӣ

Шӯрои Раисони судҳои Олии арбитражӣ, хоҷагӣ, иқтисодӣ ва дигар судҳо оид ба алли  баҳсҳои иқтисодӣ, дар асоси Созишнома аз 07 октябри соли 2002 таъсис дода шудааст ва яке аз 66 мақомотҳои соҳавии ИДМ ба шумор меравад.

Давлатҳо- иштирокчиёни Созишномаи мазкур Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Молдова, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Украина дохил мешаванд.

Дар ҳайати Шӯро то соли 2014 Раисони Суди кассатсионии Ҷумҳурии Арманистон, Суди Олии хоҷагии Ҷумҳурии Белорус, Суди Олии Ҷумҳурии Қазоқистон, Суди Олии Ҷумҳурии Қирғизистон, Суди Олии арбитражии Федератсияи Россия, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии хоҷагии Украина дохил мешуданд. Бо назардошти азнавташкилдиҳии низоми ҳокимияти судӣ дар баъзе давлатҳои аъзо мутаносибан Раисони Судҳои Олии Ҷумҳурии Белорусия, Федератсияи Россия ва Украина аъзои Шӯро гардиданд.

Дар ҷаласаҳои Шӯро Раиси Суди иқтисодии ИДМ мунтазам иштирок мекард.

Ба сифати мушоҳидачиён аз судҳо ва дигар мақомотҳои давлатӣ, аз ҷумла, намояндаҳои мақомоти судии Озарбойҷон, Бразилия, Ветнам, Венесуэла, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Молдавия, Ҷумҳурии Сербия, Ҷумҳурии Туркия, Суди иқтисодии Авруосиё, Асоостсиатсияи ҳуқуқшиносони Россия, Шӯрои байналмилалии ҳуқуқшиносон иштирок мекарданд.

Аз соли 2004 то соли 2016 Шӯро 13 ҷаласаҳои навбатӣ ва ду ҷаласаи ғайринавбатӣ гузаронида, солҳои 2017 ва 2018 бинобар сабабҳои муайян ҷаласаҳои Шӯро баргузор нагардиданд.

Соли 2019 дар натиҷаи ҷамъбасти чорабиниҳо аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Белорус хабар дар хусуси ғайриимкон будани гузаронидани ҷаласа дар шаҳри Минск ба табъ расонида шуда, бо ҳамин соли 2019 низ ҷаласаи Шӯро баргузор нагардид.

Дар давраи фаъолият аз ҷониби Шӯро як қатор масъалаҳои мубрам баррасӣ карда шуданд, аз ҷумла:

  1. Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба ҳаҷми боҷи давлатӣ ва тартиби руёнидани он ҳангоми баррасии баҳсҳои хоҷагӣ байни субъектони хоҷагидори давлатҳои гуногун аз 24 декабри соли 1993, ки он санаи 10 декабри соли 2010 аз ҷониби сарони Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Белорусия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Молдова, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шудааст;
  2. Дастурамал оид ба татбиқи муқаррароти Созишнома оид ба ҳаҷми боҷи давлатӣ ва тартиби руёнидани он ҳангоми баррасии баҳсҳои хоҷагӣ байни субъектони хоҷагидори давлатҳои гуногун, Дастурамал оид ба татбиқи муқарраротҳои шартномаҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ дар бораи мавриди баҳс қарор додани ҳалномаҳои судҳои ҳакамӣ (арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ) ва додани варақаи иҷро ба иҷроиши маҷбурии ҳалномаҳои судҳои ҳакамӣ (арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ);
  3. Истифодаи низоми алоқаи видеоконференсӣ ҳангоми баррасии баҳсҳои хоҷагӣ байни субъектони давлатҳои иштирокчии Созишнома ташкил карда шудааст. Лоиҳаи созишнома, ки тартиби расонидани ёрии ҳуқуқиро ҳангоми ҳалли баҳсҳои иқтисодии фаромиллӣ бо истифодаи низоми алоқаи видеоконференсӣ, коркард карда шудааст;
  4. Лоиҳаи Конвенсияи оид ба инкишофи шабакаи ҳуқуқии авруосиёгӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ ва иқтисодӣ, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқии байналмилалӣ равона карда шудааст, муҳокима карда шудааст;
  5. Таҷрибаи судӣ оид ба масъалаҳои зери омӯхта шудаанд:
  • Татбиқ намудани муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ дар арсаи ИДМ дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ;
  • Иҷрои қарор дар бораи ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахсоне, ки берун аз давлат қарор доранд. Нисбат ба Лоиҳаи Созишнома дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кор карда шудааст.
  • Татбиқи қонунгузории гумрук, қонунгузорӣ дар бораи фаъолияти нақлиётӣ- экспедитсионӣ, шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ғайраҳо.
  1. Шӯро ба таври мунтазам бо суди иқтисодии ИДМ доир ба масъалаҳои фаъолият ва ислоҳот муносибатҳои мутақобила дорад.
Напечатать страницу Напечатать страницу