Ҷаласаи навбатии Шӯрои Раисони Судҳои Олии арбитражӣ, хоҷагӣ, иқтисодӣ ва дигар судҳои давлатҳои аъзои ИДМ тариқи алоқаи видеоконференси мустақим

Имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои Раисони Судҳои Олии арбитражӣ, хоҷагӣ, иқтисодӣ ва дигар судҳое, ки баҳсҳоро дар соҳаи иқтисодиёт ҳал мекунанд, тариқи алоқаи видеоконференси мустақим баргузор гардид. Дар ин ҷаласа масъалаҳо дар бораи фаъолияти Шӯрои Раисони Судҳои Олии арбитражӣ, хоҷагӣ, иқтисодӣ ва дигар судҳое, ки баҳсҳоро дар соҳаи иқтисодиёт ҳал мекунанд дар шакли нав, дар бораи лоиҳаи Созишнома оид ба таъсис додани Шӯрои Раисони Судҳои Олии давлатҳои иштирокчии ИДМ ва дар бораи Раисии Шӯро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷаласаи мазкур аъзоёни Шӯро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, Раиси Суди Олии Федератсияи Россия Лебедов Вячеслав Михайлович, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Қазоқистон Асанов Жакип Кажманович, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Қирғизистон Калиева Гулбара Утюровна, намояндаи ваколатдор, судяи палатаи маъмурӣ-граждании суди кассатсионӣ, аъзои Шӯрои Олии Судии Ҷумҳурии Арманистон Микаелян Степан Кароевич иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаи мазкурро муовини якуми Раиси Комитети иҷроия-Бахши иҷроияи ИДМ Гуманский В.А. ҳусни оғоз бахшид. Ҷаласаи мазкур таҳти раисии Раиси Суди Олии Федератсияи Россия Лебедов Вячеслав Михайлович баргузор гардид, ки дар он аъзоёни Шӯро бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд. Аз он ҷумла, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ зикр намуд, ки Шӯро дар рушти бомароми низоми судӣ, такмили қонунгузорӣ ва таҳкими татбиқи ягонаи қонунгузории давлатҳои аъзо нақши муассир дорад. Давлатҳои иштирокчии Шӯро баҳри такмили муносибатҳои ҳуқуқии байнидавлатӣ, таъмини иҷрои санадҳои судӣ дар ҳудуди давлати иштирокчӣ, табодули мунтазами таҷрибаи татбиқи қонунгузории миллӣ ва меъёрҳои истеҳсолоти судӣ зимни баамалбарории адолати судӣ чораҳои дахлдор андешида истодаанд.

Дар идомаи ҷаласа аз рӯи масъалаҳои дар рӯзнома пешбинишуда, аз ҷумла, вобаста ба фаъолияти Шӯрои Раисони Судҳои Олии арбитражӣ, хоҷагӣ, иқтисодӣ ва дигар судҳое, ки баҳсҳоро дар соҳаи иқтисодиёт ҳал мекунанд, лоиҳаи Созишнома оид ба таъсиси Шӯрои Раисони Судҳои Олии давлатҳои иштирокчии ИДМ Қаландарзода М.С. мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа баён намуда, пешниҳод намуданд, ки бо дар назар доштани он ки дар низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари Суди Олӣ Суди Олии иқтисодӣ низоми мустақили ҳокимияти судӣ мебошад, ба ҳайати Шӯрои Раисони Судҳои Олии давлатҳои иштирокчии ИДМ Раисони Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ шомил карда шаванд.

Аз рӯи натиҷаи баррасии масъалаҳо қарори Шӯрои Раисони судҳо дар бораи ҷонибдорӣ намудани Созишнома оид ба таъсис додани Шӯрои Раисони Судҳои Олии давлатҳои иштирокчии ИДМ қабул карда шуд.

Маълумотнома оид ба фаъолияти Шӯрои Раисони судҳои Олии арбитражӣ, хоҷагӣ, иқтисодӣ ва дигар судҳо оид ба алли баҳсҳои иқтисодӣ

Маркази марбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу