Ҳамоиш бахшида ба  муносибати ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 ноябри 2020 дар Суди Олии иқтисодӣ бахшида ба  муносибати ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда ба ҳамоиш ҳусни оғоз бахшида, зикр намуданд, ки Парчаму  парчамдорӣ яке аз рамзҳои давлатдорӣ буда, бахусус дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хоса дорад. Тибқи сарчашмаҳои таърихии бостоншиносӣ парчамдории мардуми мо таърихи зиёда аз      4000 – сола дорад.

Аз таърихи давлатдории аҷдодони ориёӣ бармеояд, ки ҳокимони давр барои ифода кардани  мавҷудияти давлати худ рамзу нишон, ишора, аломат ва дигар  воситаҳоро қабулу истифода мекардаанд.

Аз миёни рамзу нишонаҳо Парчам таърихи рангину қадима дорад. Таҳқиқоти бостоншиносӣ собит намудааст, ки парчамсозии халқи ориёӣ аз давраи давлатдории Пешдодиён ва Кайёниён ибтидо мегирад, ки ин аз ливобардории мардуми мо дар оғози давлатдории башарият башорат медиҳад.

Дар адабиёти оламшумули тоҷику форс, аз ҷумла, дар ашъори  безаволи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Дақиқӣ, Носири Хисрав, Низоми Ганҷавӣ, Мавлонои Румӣ ва дигарон бузургии Парчам ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ васф шудааст.

Дар замони муосир ҳар як давлати мустақилияташ эътирофгардида соҳиби муқаддасоти миллӣ – Парчами давлатии худ мебошад. Воқеан ҳам қабули Парчам ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо низ мазмуну мундариҷаи нав бахшид.

Парчами давлатӣ ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо мебошад ва мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

28 сол пеш дар иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳамчун иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз сабт шудааст, дар баробари дигар масъалаҳои муҳимтарини он айёми ноором масъалаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии вакилони иҷлосия пешниҳод гардида, аз ҷониби вакилон бо дарки аҳамият ва нақши Парчам дар пешбурди давлатдорӣ, инчунин, бо дар назар доштани анъанаи парчамдории гузаштагони худ Парчами давлатӣ қабул карда шуд.

Яъне Парчами давлатӣ самараи неки иҷлосияи зикршудаи Шӯрои Олӣ ва ҳамсоли он мебошад.

Тасдиқи Парчами давлатӣ дар давраи басо ҳассосу тақдирсоз ва мураккабу печидаи таърихи халқамон, ки истиқлолият ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт, вале мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад.

Дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани Парчами давлатӣ иқдоми олии ватандӯстона ва кӯшиши нахустин барои бартарафсозии хатари ба сари давлату миллати куҳанбунёд омада, мебошад.

Мардуми Тоҷикистон ва ҷавонмардони ғаюру далери он бо роҳбарии Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери Парчами миллат ба ҳам омаданд, ба ҷанги шаҳврандӣ хотима бахшиданд, ба кишвар сулҳу оромӣ ва ба сокинони мамлакат осоишро фароҳам оварданд. Лаҳзаҳои бусидани Парчами миллӣ дар Иҷлосияи таърихӣ ва ваъдаи сулҳ овардан ба сарзамину мардуми он садоқати Сарвари давлат ба Ватан  ва эхтирому манзалати Парчами миллиро собит намуд.

Халқи Тоҷикистон ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳимму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва санади дорои эътибори олии ҳуқуқии давлат, дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ Парчами давлатиро рамзи давлатӣ эълон карда, онро ба ҳайси яке аз унсурҳои бунёдии сохтори конститутсионӣ ва давлатдории миллӣ эътироф намуд.

Минбаъд тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” рамзҳои давлатии мо, аз ҷумла тартиби афрохтану истифодаи Парчами давлатӣ, инчунин ҷойгиркунии тасвири Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим гардида, эҳтиром ва садоқат ба онҳо ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ дар сатҳи олии қонунӣ қарор дода шуд.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола дар сар то сари кишвар 24 ноябри Рӯзи Парчами давлатӣ бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва ба шукронаи даврони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ҷашн гирифта мешавад.

Боиси ифтихор аст, ки парчаме, ки дар маркази пойтахти кишвар қомат афрохтааст, дар китоби Гинесс ворид гардидааст. Ин омил аз эҳтироми муқаддаси миллӣ шаҳодат медиҳад.

Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ гардида, имрӯз Парчами миллии мо давр қатори парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгузин гардидааст, ки ин, бегумон мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.

Хурду бузурги мамлакат эътимоди комил доранд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодӣ, ояндаи ободу осуда ва мояи ифтихори халқи соҳибдавлати тоҷик то ҷовидон парафшон хоҳад буд.

Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон ифтихор аз гузашта ва фардои халқ, нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон ба ҳисоб меравад.

Зикр гардид, ки эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги мардуми шарафманди тоҷик дар пайравӣ аз сиёсати оқилона, созандаву бунёдкрона ва сулҳовару инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам бештар гардида, минбаъд низ дар зери Парчами миллӣ муттаҳид мешаванд, бо муҳаббату садоқат ба Ватани маҳбубу халқи азизамон баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли худ саъю талоши бештар мекунем.

Ҳамчунин дар ҳамоиши имрӯза муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода З.Т., раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода Ф., кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ Дамонзода Ғ. ва Фарҳодзода В. дар мавзӯҳои гуногун баромад намуда, иштирокчиён доир ба мавзӯҳои матраҳгардида, мубоҳисаҳо намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу