Парчами давлатӣ нишонаи садоқату вафодорӣ – Абдуллозода З, Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои давлат ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Баробари ба Истиқлолият расидани Тоҷикистон дар радифи масъалаҳои дигар зарурати таҳияву қабули рамзҳои давлатӣ пеш омад. Аз ин хотир, 24 ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ — Парчами давлатӣ гардид ва дар асоси муқаррароти моддаи 3- юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва Суруди Миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ эътироф шуд.

Дар робита ба ин, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.

Қонуни мазкур 12 майи соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Ин қонун аз ду боб иборат аст ва боби дуюми он ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Тибқи санади мазкур Парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳҳои расмӣ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҷумҳурӣ ва мақомоти прокуратура, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон насб карда мешавад. Парчами давлатӣ, инчунин дар нақлиёти  хизматии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир, роҳбарони ҳайати давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҷумҳурӣ ва шахсони дигар тибқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.

Парчами давлатӣ рамзи Истиқлолияти давлатӣ, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад. Акси ҳафт ситора дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора ба ҳафт иқлими ҷаҳон, ҳафт бародарон, ҳафт табақаи осмон, ранги сурх рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, нияти неки халқ ва ранги сабз рамзи саъю кӯшиш ва заҳмати халқ баҳри сарсабзиву хуррамии кишвар аст.

Дар Парчами кишвар ибтидо мебинам,

Фарҳангу нишонаи ниё мебинам.

Чун ҷилва кунад ҳамеша дар боми Ватан,

Бар ҳастии хештан бақо мебинам.

Санаи 24 ноябр собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла Парчами давлатист. Парчаме, ки ҳастӣ ва ифтихори миллии моро ифода мекунад. Парчаме, ки гувоҳи истиқлолият, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ватандории мост. Парчами мо ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ таҷассумгари асосҳои таърихиву мероси арзишманди миллӣ, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормони халқи куҳанбунёдамон ба ҳисоб меравад.

Ин суннати аҷдодӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон собиқаи дерина дорад.  Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ дар аввалин давлатҳои таъсисдодаи гузаштагони мо парчамдорӣ асоси ҳастӣ ва пешбурди корҳои давлат ба ҳисоб рафта, ин суннат дар давраҳои минбаъда низ бо риояи расму таомули хосаи миллӣ идома пайдо кардааст.

Тоҷикон парчамро ҳамчун нишонаи нангу номус ва адолату осоиш нигоҳдорӣ мекарданд ва ин аст, ки ниёгони мо парафшон будани парчамро бо сарбаландии ҳар як фард баробар дониста, барои ҳифзи он ва то ба рӯзҳои мо идома пайдо кардани ин суннати аҷдодӣ ҷоннисориҳо кардаанд.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ хурду бузурги кишварамон парчамро аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ медонанд ва эҳтиром мекунанд.

Парчамдорию парчамбардории миллати мо, ки рамзи иттиҳоду пирӯзиҳост, таърихи чандҳазорсола дорад. Роҳи пурифтихори Парчами осмонбӯси имрӯзаамон  аз пешбанди  чармини Коваи оҳангар ”Дирафши коваёнӣ”  оғоз  гардидааст.

Нақши  нахустпарчами  мо –  «Дирафши коваёнӣ»-ро дар муттаҳидсозию ғалабаи табақаи мазлум бар золим Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ хеле барҷаста тасвир кардааст.

Эҳтиром ба Парчам аз ибтидо сар карда, ҳамвора дар қалбҳои мардуми сарбаланди мо маскан гирифтааст. Ҳамин буд, ки дар адабиёти навини мо аксарияти адибони тоҷик чун ифодаи эътимоду эътиқод ба Парчам шеърҳо ва маҷмӯаҳои эҷодии хешро зери унвонҳои «Ливои зафар», «Байрақи музаффарият», «Парчами сулҳ» ва амсоли инҳо ба табъ мерасониданд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуму моҳияти хосаро дар худ таҷассум менамояд. Он, аз як тараф, идомаи  мантиқии нахустин Парчам дар таърихи инсоният бошад, аз ҷониби дигар, ифодагари соҳибистиқлолии комили давлат ва таҷассумгари ояндаи дурахшони миллати тоҷик аст.

Дар матни Суруди Миллӣ низ ин нукта равшану возеҳ баён гардидааст:

Зи дурии замонаҳо расидаем,

Ба зери Парчами ту саф кашидаем, кашидаем.

Устод Гулназар дар ҷойи дигар бо шукргузорӣ, нишоту ғуруру армон ва ишора ба рангҳои пур аз маънию маром чунин фармудааст:

Парчами армони тоҷик,

Шуълаи имони тоҷик.

Оташи виҷдони тоҷик,

Сар зада аз ҷони тоҷик.

Рӯи ман чун рӯи ту сурх,

Бахти ман чун ту сафед аст.

Умри ман мисли ту сарсабз,

Ҷонам аз ту пурумед аст.

Миллати тоҷик зери Парчами миллӣ ба ваҳдату ягонагӣ расид. Имрӯз дар саросари кишвари азизамон Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, давлатдории миллӣ ва мояи ифтихору сарбаландии хурду бузурги мамлакат таҷлил мегардад.

Ба муносибати ин ҷашни мубораки миллӣ кулли сокинони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро табрик гуфта, орзуманди он ҳастам, ки Парчами давлати мо ҳамчун нишонаи ифтихору сарбаландии миллати тоҷик дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол то ҷовидон парафшон бошад.

Орзумандам, ки дар оғози марҳалаи сифатан нави бунёди давлати пешрафта ва амалӣ гардидани нақшаҳои созандаамон Парчами мо ҳамчун ҳумои бахт болои сари сокинони кишвари азизамон ҳамеша парафшон бошад.

 Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода З.Ф.

Напечатать страницу Напечатать страницу