Баромади Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода Мавлуда бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Ҷоҷикистон

Муҳтарам ҳамкасбон, Ҳозирини гиромӣ!

Тавре медонед, санаи 16 ноябр рӯзи Президент муайян карда шудааст.

Мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст.

Дар таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ ниҳоди президентӣ ҳамчун шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ, яъне  Президент ҳамчун сарвари давлат шинохта мешавад. Номзад ба ин мансаб аз ҷониби халқ интихоб карда мешавад  ва ин маснад аз рӯи феҳрист мансаби олии давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Меъёрҳои моддаи 67 Конститутсияи Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, ки Президент пеш  аз  шурӯъи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад.

Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлол баргузор гардида буд.

Бо манзури  эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату  ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми  Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр рузи Президент пазируфта шуд.

Ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими идораи давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа аз ҳамин рӯз шурӯъ намудааст.

Ин рузи таърихӣ чун  таҷассумгари орзую омоли неки мардум, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа мебошад.

Боиси қайд аст, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ тибқи таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехуранд, ки  онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обруву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Чунин шахсиятҳои барҷаста Ҷорҷ Вашингтон Президенти Амрикои демократӣ, ки то имрӯз мардуми Амрико ба эҳтироми ӯ зодрӯзашро ҳамчун рӯзи Президент ҷашн мегиранд.  Инчунин кишварҳои Хитойу Турк ба номи сарваронашон Мао Цзе Дун ва Мустафо Камол арҷ гузоштаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон сарвари олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки  давлатро аз вартаи фаноёбӣ наҷот дод, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор бахшид. Бо қадамҳои қатъӣ сулҳу осоишро таъмин карда, ҳадафҳои стратеги мамлакатро баҳри рушду нумуи Тоҷикистони соҳибистиқлол муайян ва амалӣ намуда,  имрузҳо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ, амалисозандаи нақшаҳои азим баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои сокинони кишвар  шинохта шудани Президенти Тоҷикистонро на танҳо  сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.

Воқеан рӯзи 16 ноябр дар саҳифахои таърихи кишварамон боз бо як руйдоди муҳими миллӣ сабт гардидааст. Ду сол қабл, соли 2018 дар хамин рӯз бори дигар аз ҷасорату бузургии Пешвои миллат халқи тоҷик ифтихормандона шоҳиди ифтитоҳи чархаи якуми  НБО Роғун гардидем.

Бояд гуфт, ки ташаббусу иқдомҳои созандаи Пешвои миллатро  халқи тоҷик оид ба бунёди Неругоҳи барқии обии Роғун бо шодмониву фараҳ қабул намуд ва бо мақсади иштирок дар бунёди ин иншооти азим ба харидории саҳмия азм кард. Мардум, мутахассисони гуногун бо масъулияти ҷиддӣ иқдом намуда ба ҷараёни сохмони неругоҳ фаъолона иштирок намуданд. Паёмади амалҳои созанда имрӯз бор оварда, Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба рӯи миллати тоҷик нуру равшании худро боз кард. Ин иншооти азим барои шаҳрвандони кишвар иншооти дорои аҳамияти стратегӣ, ҳамчун махзани нур, мероси бузург ба насли оянда мебошад. Ҳамаи комёбӣ, пешомадҳои неки миллат маҳз ба туфайли садоқат, ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи кор омаданд.

Бо рӯзи Президент кулли мардуми кишвари азизам ва ҳамкасбони гиромиро самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо, нуру зиё ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.

Напечатать страницу Напечатать страницу