16-ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тавре медонед, санаи 16 ноябр рӯзи Президент муайян карда шудааст.

Мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст.- бо ин суханҳо Раиси Суди Олии иқтисоди Қаландарзода Мавлуда ҳамоиши имрӯзаро ифтитоҳ бахшиданд.

Ҳамоиш, ки ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, бо иштироки Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва суди иқтисодии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар идомаи суханронӣ Қаландарзорда Мавлуда доир ба аҳамияти таърихии ин рӯзи муқаддас суханрони намуда ҳамчунин таъкид намуданд ки маҳс ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими идораи давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа аз ҳамин рӯз шурӯъ намудааст.

Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр рузи Президент пазируфта шуд.

Ин рузи таърихӣ чун  таҷассумгари орзую омоли неки мардум, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа мебошад.

Боиси қайд аст, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ тибқи таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехуранд, ки  онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обруву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Чунин шахсиятҳои барҷаста Ҷорҷ Вашингтон Президенти Амрикои демократӣ, ки то имрӯз мардуми Амрико ба эҳтироми ӯ зодрӯзашро ҳамчун рӯзи Президент ҷашн мегиранд.  Инчунин кишварҳои Хитойу Турк ба номи сарваронашон Мао Цзе Дун ва Мустафо Камол арҷ гузоштаанд.

Дар идома кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ дар мавзуъҳои гуногун доир ба ин ҷашни таърихӣ баромад намуда аз суханрониҳои сарони давлатҳои ба мо дусту шарик, ки нисбат ба Президенти Ҷумҳурии Тҷоикистон гуфта шудааст, ёдовари намуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагонро башида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта дар фаъолияти корӣ ва  амалисозии адолати судӣ комёбиҳоро таманно намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

 

Напечатать страницу Напечатать страницу