РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ МУБОРАК!

Истилоҳи Президент аз калимаҳои лотинӣ “prae” ва “sidens”, яъне  “praesidentis” гирифта шуда, маънои таҳтуллафзии он “аз пеш нишаста”, шахсе, ки аз дигарон пештар ё болотар нишастааст ва онро ба забони тоҷикӣ чун истилоҳи “Раис” тарҷума кардан хато нест. Президент гуфта, дар замони империяи Рим онҳоеро меномиданд, ки ҷаласаҳои гуногуни давлатиро раисӣ мекарданд.

Падидаи Президент дар Тоҷикистон таърихи тулонӣ надошта бошад ҳам, таърихи 29 соли истиқлолияти давлатии кишвар ба фаъолияти Президентони кишвар алоқамандии зич дорад. Зеро ҳама бурду бохти давлат аз фаъолияти сармарноки Сарвари он дарак медиҳад. Аз он ҷумла, иҷрои вазифаи давлатӣ аз ҷониби шахсони мансабдор, таъмини иҷрои қонунҳо, дуруст ба роҳ мондани ҳамаи самтҳои ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар мамлакат, пешбурди зиндагӣ ва некӯавҳолии ҳаёти мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар маҷмӯъ ҳама самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат дар самтҳои гуногун  аз фаъолияти босамари Сарвари давлат вобаста мебошад.

Қайд намудан зарур аст, ки падидаи Президентӣ – хоси шакли идораи ҷумҳурӣ аст. Танҳо дар шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ президент вуҷуд дорад ва он мансаби интихобӣ мебошад.

Бунёди мансаби Президентӣ ба ниҳодҳои давлатдории Тоҷикистон санаи 29 ноябри соли 1990 тибқи қонун қайд гардида, 30 ноябри соли 1990 аввалин Президенти Тоҷикистон – Қаҳҳор Маҳкамовро – Шӯрои Олии ҷумҳурӣ интихоб кард. Дар муддати кӯтоҳ, Президенти аввалин ба истеъфо рафта, минбаъд – Қадриддин Аслонов, Раҳмон Набиев, Акбаршо Искандаров  иҷрокунандагони ин мансаб буданд, вале муҳлати роҳбарии онҳо кутоҳ буд. Аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тариқи овоздиҳии мустақим дар интихобот санаи 24 ноябри соли 1991 интихоб гардид, Раҳмон Набиев буд, аммо дар натиҷаи воқеаю ҳодисаҳои сиёсӣ ба истеъфо рафта, минбаъд то ҷаласаи сессияи XVI  аз 7 сентябри соли 1992 то 19 ноябри соли 1992  боз ин мансабро иҷрокунандаи вазифа ба зимма гирифт. Аз соли 1992 то 1994 ваколатҳои Президентро Раиси Шӯрои Олӣ иҷро мекард. Санаи 6 ноябри соли 1994 дар ҷумҳурӣ ду маъракаи муҳими сиёсӣ, қабули Конститутсия ва интихоботи Президент баргузор шуда, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби халқи шарифи тоҷик интихоб гардидаанд.

Мувофиқи қисми 1 моддаи 64-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия аст. Аз рӯи доктринае, ки дар илми ҳуқуқшиносӣ вуҷуд дорад, Сарвари давлат шахси расмии мансабдор буда, дар табақабандии сохторҳои давлатӣ ҷои аввалро ишғол мекунад ва дар муносибатҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ намояндаи Олии давлат ба шумор меравад. Далели гуфтаҳои мо дар фасли 1 Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016 №737 тасдиқ шудааст, аз низоми мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ дар ҷойи аввал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меистад.

Салоҳиятҳои сарвар таъсис, идораи мақсаднок ва рушди давлатро таъмин кардан аст. Давоми зиёда аз 24 соли Президентии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аён аст, ки аз уҳдаи салоҳиятҳояшон ба хубӣ баромадаанд.

Дар ҷараёни идоракунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ҳамчун давлати рӯ ба тараққӣ, орому осуда, ободу зебо ва дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа ҷаҳонӣ эътироф ва шинохта шудааст. Мутобиқи тағйирот ба ҚҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” аз санаи 14 майи соли 2016, № 1320 ба сархати ҳафтоду якум “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16 ноябр” илова карда шудааст. Бинобар ин, мо бояд ин рӯзро ҳамасола ботантана ва дар сатҳи Олӣ ҷашн гирем.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, аз номи худ тамоми халқи тоҷикро ба ин рӯзи фархунда табрик карда, ба кулли ҳамватанон дар идомаи зиндагиашон умри дароз, тани сиҳат, хотири ҷамъ, дили беғам ва дар корҳои ояндаашон комёбиҳоро таманно дорам.

Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимзода Б.Р.

Напечатать страницу Напечатать страницу