Ярмаркаи маҳсулоти ниёзи аввал дар Суди Олии иқтисодӣ

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи омодагии тамоми соҳаҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021  бо фармоиши Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳои судҳои иқтисодӣ тасдиқ карда шудааст.

Бобати таъмини иҷрои  Нақшаи чорабиниҳои мазкур, яъне ташкил намудани фурӯши маҳсулоти хурока ва захираи кофии маводи ғизоӣ аз ҷониби роҳбарияти суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни бинои суд ярмарка фуруши маҳсулоти нияёзи аввал ташкил карда шуд.

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба захира намудани маҳсулоти хурокворӣ чунин иқдом ҳамасола аз ҷониби Роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ  ба роҳ монда шуда, дар оянда низ, барои кормандон  чунин ярмаркаҳо ташкил карлда мешавад.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу