Нақши занон дар баамалбарории адолати судии иқтисодӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамоянд ва ибтикороти созандаашонро доим дастгирӣ карда, барои амалӣ шудани онҳо ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эътироф карда шудааст.

Ҳамчунин баробарҳуқуқии занону мардон дар сатҳти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шуда, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳолати мазкур воқеан аз сатҳи олӣ то поён таъмин гардидааст.

Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани вазъи занон, ҳифзи ҳуқуқии оила ва модару кӯдак, ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди оила ва сиёсати демографӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои занону духтарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо, яъне баланд бардоштани нақши иҷтимоии бонувону духтарон барномаҳои давлатӣ қабул гардида, барои амали гаштани ин ҳадафҳои созанда ҳамаи тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуда истода, чунин сиёсат минбаъд низ идома доранд.

Аз ҷумла дар ин самт давлату Хукумати Ҷумҳурӣ як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Фармони Президенти кишвар аз 3- декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа», Барномаи давлати «Самтҳои асосии  сиёсати давлатӣ оид ба таъмин намудани ҳуқуқу имкониятҳои баробарӣ мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», Қарори Ҳукумат аз соли 2010 «Дар бораи ё стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила аз 19 марти соли 2013 №954, ки ҳадафашон баланд бардоштани эътибору манзалати бонувон, маърифати ҳуқуқии онҳо, иштироки фаъолонаи бонувон дар ҳаёти сиёсию иқтисодию иҷтимоӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ мебошад, қабул гардидааст.

Натиҷаи чунин ғамхориву дастгирии Пешвои миллат ва Ҳукумат аст, ки ҳоло Тоҷикистон бино ба эътирофи коршиносон аз лиҳози шумораи намояндагони бонувону духтарон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ба давлатҳои пешрафта ҳамқадам аст.

Сиёсати Пешвои миллатро дар ин самт Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, оид ба ҷалби занону бонувони лаёқатманд ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи онҳо дар сохтори судҳои иқтисодӣ чораҳо андешида шуда, дар ин давра 3 нафар ҷавондухтар баъди хатми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тибқи роҳхат ва 7 нафар дар дастгоҳи марказии Суди Олии иқтисодӣ ва 1 нафар дар дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон ба кор қабул шуданд.

Аз шумораи умумии роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ 30 нафар ё 29,4 % занонро ташкил дода, аз ин шумора 5 нафар ё 16,6 фоиз ҳайати роҳбарикунандаро ташкил медиҳанд, ки ин боиси эътимоду боварӣ ба занон аст ва албатта мо дар навбати худ саъю кӯшиш менамоем, ки ба боварии роҳбари давлат сазовор бошем.

Мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки имрӯз бонуи тоҷик роҳбари кордон, муҳаққиқи донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва албатта, тарбиятгару омӯзгори меҳрубон аст.

Ин ҳолатҳо бори дигар собит месозанд, ки таваҷҷуҳи ғамхоронаи сараври давлат дар ҳокимияти судӣ низ бештар буда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, бо мақсади таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон дар ин шохаи ҳокимияти давлатӣ бештар занҳо ба кор ҷалб гардида, ин раван то пурра таъмин шудани он амалӣ гардида истодааст.

Дар ҳақиқат имрӯз занону бонувони лаёқатманди тоҷик ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, дар ҳолати ба амал омадани баҳс ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои қонунии худ албатта ба судҳои иқтисодии Ҷумҳурии  Тоҷикистон муроҷиат менамоянд.

Таҳлилҳои омории судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит месозанд, ки имрӯз соҳибкор занону духтарон дар бораи ҳимояи судии худ асосан бобати ҷудо карда додани саҳми замини онҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, вобаста ба муносибатҳои баҳси кредитӣ ва ғайра муроҷат менамоянд, ки муроҷиати онҳо дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда баррасӣ карда мешаванд. Дар таҷрибаи судӣ буданд он ҳолатҳое, ки аризаҳои даъвогии соҳибкор занону духтарон қонунӣ ва асоснок мебошанд ва бо санадҳои судӣ даъвои онҳо қонеъ карда шудааст.

Ҳолатҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз дар Тоҷикистон занону духтарон дар ҳаёти сиёсию ҷамъияти фаъол мебошанд.

Қотиби маҷлиси судӣ Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҳбубова Насиба

Напечатать страницу Напечатать страницу