Бахшида ба иди кормандони ҳокимияти судӣ

Баъди соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон дар тамоми соҳаҳои иқтисодии кишвар тағйиротҳои кулли ва дигаргуниҳои назарас ба амал омада, бо баробари дигар соҳаҳо, дар соҳаи иқтисодӣ низ ба дастовардҳои беназир ноил гардидем.

Ҳамин аст, ки ҳангоми  ба амал омадани тағйиротҳои кулли дар соҳаҳои иқтисодӣ ва доман паҳн кардани муносибатҳои иқтисодӣ дар ҷамеъа зарурият ба амал омад, ки Судҳои иқтисодӣ ҳамчун низоми алоҳидаи ҳокимияти судии ҷумҳури баҳри ба амал баровардани адолати судӣ оид ба парвандаҳои иқтисодӣ ва соҳибкорӣ равона шудааст, таъсис дода шавад.Ва баъдан санаи 4 ноябри соли 1995 Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми алоҳидаи ҳокимияти судии ҷумҳури таъсис ёфт.Баъди таъсис ёфтани Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зарурияти қабул намудани 2 санади нав:Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Судҳои иқтисодӣ”-и  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабул намудани Кодекси мурофиаи  иҷтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оварда расонид, ки асоси ҳуқуқии системаи сохтори судӣ ва мурофиавии судии Судҳои иқтисоди гаштанд.

Президенти ҷумҳури ва ҳукумати мамлакат бо назардошти нақши бузург доштани фаъолияти мақомоти судӣ дар таҳкими қонуният, тартиботи иҳуқуқӣ ва муҳофизати ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон дар тамоми давраи истиқлолияти давлатии ҷумҳури  ба фаъолияти мақомоти судӣ диққати махсус  медиҳанд.Ва дар ин бора далел аз он шаҳодат  медиҳад, ки дар давоми солҳои охир як қатор санадҳои  ҳуқуқие, ба тасвиб расидаанд,  ки онҳо ба мустуҳкам намудани фаъолияти мақомоти судӣ нигаронида шудаанд.

Дар ин асос бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 23 июни соли 2007 Барномаи ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ тасдиқ карда шудааст, ки мақсад аз қабл намудани  барномаи мазкур таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи он дар ҷомеъа,  ҳифҳзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, таъмини ҳамаҷонибаи қонунияту адолат қабул шудааст.

Тибқи барномаи мазкур  Кодекси мурофиаи  иҷтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1 апрели соли 2008-ум сол қабул шудааст.Ва мутобиқи муқарароти  кодекси мазкур Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои тобеъбударо дар судӣ:

марҳилаи якум,

марҳилаи кассатсионӣ

марҳилаи назоратӣ

баррасӣ менамояд.

Ҳамчунин  Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати зерин:

Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Коллегияи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

амал мекунанд.

Аз моҳи феврали соли 1998 мувофиқи моддаи 139 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар назди Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои илмӣ-машваратӣ амалӣ менамояд, ки аз ҳисоби судяҳои таҷрибадор ва олимони собиқадори соҳаи ҳуқуқ таъсис дода шудааст.

Инчунин аз соли 1998 то ин ҷониб нашрияи “Ахбори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, ки тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти судҳои иқтисодӣ, қонунгузории дохили давлатӣ, таҷрибаи судҳои иқтисодӣ, санадҳои судии марҳилаҳои Суди Олии иқтисодӣ ва Суди Иқтисодии ИДМ мақолаҳои илмӣ дарҷ мешаванд, ба нашр мерасад.

Ҳамасола ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда мешавад, ки мувофиқи он судяҳо ва кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути воситаҳои ахбори омма, алалхусус радио ва телевизион баромадҳо намуда, дар ҷамоатҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, коллективҳои меҳнатӣ, донишкадаҳо вохӯриҳо ташкил карда, семинар-машваратҳо, мизҳои мудаввар мегузаронанд. Ҳамчунин судяҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиаҳои судии сайёр ташкил намуда, парвандаҳои мухталифро дар мавзеи ҷойгиршавии шахсони иштироккунандаи парванда баррасӣ менамоянд.

Ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии судяҳо, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳои семинарӣ бо иштироки судяҳои судҳои иқтисодӣ ва кормандони дастгоҳи суд гузаронида, таҷрибаомӯзии судяҳои судҳои иқтисодии шаҳру вилоятҳоро ташкил менамояд.

Мувофиқи нақшаҳои кории Суди Олии иқтисодӣ ҳар сол ду маротиба ҷамъбасти амалияи судӣ дар мавзӯъҳои мухталиф ва таҳлили сабабҳои бекоршавии санадҳои судӣ гузаронида мешавад. Натиҷаҳои ҷамъбастӣ ва таҳлилҳои гузаронидашуда барои корбарӣ ҷиҳати татбиқи якхелаи қонунҳо ба судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе равон карда мешавд.

Ҳамкориҳои байналмиллалии судҳои иқтисодӣ низ вусъат меёбад. Аз ҷумла роҳбарият ва судяҳои Суди Олии иқтисодӣ дар семинару конфронсҳое, ки дар сатҳи байналмиллалӣ баргузор мешаванд, фаъолона иштирок менамоянд. Дар заминаи чунин ҳамкориҳо моҳи ноябри соли 2008 дар якҷоягӣ бо Суди Иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Пленуми навбатии ин суд дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд, ки дар он судяҳои Судҳои Иқтисодии ИДМ ва роҳбарони судҳои арбитражию хоҷагии давлатҳои ИДМ иштирок намуданд.

Инчунин соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бори аввал Ҷаласаи навбатии (ҳафтум)-и Шӯрои Раисони судҳои арбитражӣ, хоҷагӣ, иқтисодӣ ва дигар судҳое, ки парвандаҳоро оиди баҳсҳо дар соҳаи иқтисодӣ ҳал менамоянд, баргузор гардид.

Лозим ва ёдоварист, ки дар айни замон Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастоварти замони истиқлолият яке аз муасисаҳои бошукӯҳ ва воломақоми ҷумҳури ба ҳисоб рафта, Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз руи Конститутсия ва қонунҳо амал намуда, баҳри ба амал баровардани  адолати судӣ, ҳуқуқ озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, таъмини ҳамаҷонибаи қонунияту адолат ва баҳри боз ҳам  устувору мустаҳкам гардонидани  ҳаёти  иқтисодии кишвар, таъмини волоияти қонун дар соҳаи соҳибкориӣ ҳамчун бахши муҳими иқтисод ва ба ин васила баҳри рушди иқтидори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон гулгун шукуфои ва пешрафти кишвари азизамон саҳми беназири худро гузошта истодаанд.

Поянда бод кормандони ҳокимияти судии кишвар.

Котиби маҷлиси судӣ Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодиров Суҳроб

Напечатать страницу Напечатать страницу