26 нояби соли 2020 дар бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Суди Олии иқтисодӣ, муовинони Раиси Суди Олии иқтисодӣ, судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида Рӯзи кормандони мақомоти судӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда оғоз намуда кормандонро ба муносибати таҷлили иди касбии кормандони мақомоти судӣ табрик намуда, бар ҳар яки онҳо саломатии бардавом, умри бобаракат, сарсабзӣ ва фатҳи қуллаҳои нави муродро орзу намуданд.
Қайд гардид, ки нақш ва мақоми ҳокимияти судӣ дар идоракунии давлатӣ аҳмияти аз силоҳ муҳимтарро доро мебошад. Вобаста ба ин, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеа хеле муҳим мебошад, зеро ҳокимияти судӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳо амал карда, ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд”. Судҳои иқтисодӣ меваи даврони истиқлолият мебошад, ки дар давраҳои муайяни таърихӣ инкишофи худро ёфтааст.
Сипас Вобаста ба таърихи пайдоиш ва ташаккули низоми судҳои иқтисодӣ маърӯзаи судяи Суди Олии иқтисодӣ Камолзода Раҳматулло шунида шуда дар идома корманди дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ Маҳбубова Насиба – дар мавзӯи “Нақши занон дар таъмини адолати суди иқтисодӣ” ва Қодиров Суҳроб дар мавзӯи “Судҳо иқтисодӣ дар меҳвари Истиқлолият” баромад намуданд.
Ҳамчунин баҳри болидаруҳии иштироккунандагон аз ҷониби командони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ саҳначаҳои ҳаҷвӣ наоиш дода шуд, ки аз он иштирорккунандагон болидарӯҳ гардиданд.
Дар фарҷом барои фаъолияти босамар дар соли 2020 ва иштироки намунавӣ дар ҳаёти ҷамъиятии судҳои иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон судяҳо ва кормандолни судҳои иқтисоди аз ҷониби роҳбарияти суд бо “Ифтихорномаи фахрӣ” ва “Ифтихорнома” сарфароз гардонида шуданд.
Марказӣ матбуоти СОИ ҶТ
