Баргузории аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурии судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ

Дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва банди 4 Нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюми соли 2017 санаҳои 24-25 августи соли 2017 дар бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Мушовири калони Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров С.А. ва муовини якуми Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Г.Ҷ. аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурии судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бо риояи Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2008 таҳти №468 тасдиқ гардидааст, баргузор гардид.

Мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида 39 нафар кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 нафар, Суди иқтисодии вилояти Суғд 7 нафар, суди иқтисодии вилояти Хатлон 8 нафар ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе 8 нафар ба аттестатсия фаро гирифта шуда буданд.

Дар аттетстатсияи мазкур раисони судҳои иқтисодии вилоятҳои Суғду Хатлон ва  шаҳри Душанбе иштирок намуда, тавсифномаи хизматӣ оид ба сатҳи донишу малакаи касбӣ, иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, қобилияти ташкилотчигӣ ва ташаббускорӣ нисбат ба ҳар як аттестатсияшаванда дода шуд.

Аз рӯи маълумоти комиссияи аттестатсионӣ натиҷаи аттестатсияи хизматчиёни давлатии судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ рӯзи 28 августи соли 2017 ба маълумоти аттестатсияшавандагон расонида мешавад.

Маркази матбуоти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Напечатать страницу Напечатать страницу