Рӯзҳои 18-19 августи соли 2020 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври дуюми озмун барои довталабоне, ки дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ҳуҷҷат супорида буданд, баргузор гардид
Чи тавре, ки маълумот додем тибқи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ барои муайян кардани сатҳи дониш ва омодагии касбии довталабон санҷиши пешакӣ (навиштани кори хаттӣ) гузаронида шуд. Аз рӯи натиҷаи даври аввали озмун танҳо довталабоне холи (баҳои) гузаришро ба даст оварда буданд ба сўҳбат иҷозат дода шуданд.
Тибқи Протоколи Ҷаласаи Комиссияи озмуни мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссия натиҷаи озмунро таҳлил ва баҳогузорӣ намуда довталабони зерин барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар судҳои иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода шуданд.
Натиҷаи ҷамъбасти озмунро дар ин ҷо метавонед дастрас намоед.
Иқтибос аз Протоколи Ҷаласаи Комиссияи озмуни мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Напечатать страницу