Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳи тоҷикон, ки мо дар остонаи он қарор дорем, яке аз ҷашнҳои бузургу муҳташами миллати мо маҳсуб мешавад. Ин ҷашн, ки дар зоти худ нодиртарин падидаи хиради инсонӣ ва эҳёгари миллати тоҷик мебошад, бо мурури замон ҳар лаҳзаву ҳар соат дар назари мардуми кишвари мањбубамон ва ҷаҳониён эътибори тоза пайдо менамояд. Зеро маҳз ба шарофати ин ҳодисаи бузурги таърихӣ мо дар фазои созандаю бунёдкорӣ зиндагӣ ба сар мебарем ва ҳамчун як узви ҷудонашавандаи ҷомеаи баҳри таҳкиму ташаккули давлати демократию дунявӣ камар бастаем.
Дар тӯли таърих ҳодисаҳои зиёде рух додаанд, ки миллатҳою давлатҳо дар натиҷаи задухӯрду кашмакашҳои дохилӣ ва надоштани ҳисси таҳаммулгароиву хиради оштипазирӣ ба арсаи нестӣ рафтаанд.
Ҳодисаи барқарории сулҳи тоҷикон як падидаи нодиртарини таърихӣ маҳсуб мешавад, ки бидуни шак дар оянда низ дар соҳаҳои гуногуни илм аз қабили сиёсатшиносию дипломатия ҳамчун далели ҷолиби сулҳгароӣ барои толибилмони миллатҳои гуногуни олам мавриди омӯзиш қарор хоҳад гирифт.
Иброз доштани он нукта мусаллам аст, ки масъалаи истиқрори сулҳу оштии миллии тоҷикон, пеш аз ҳама, дар замири қалби абармарди майдони сиёсат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайдо ва парвариш ёфта, сипас он маҳз бо кӯшишу тадбирҳои хирадмандонаи Пешвои миллат татбиқи амалии худро пайдо намуд.
Мардуми кишвар хуб дар хотир доранд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи матину оҳанин ва нерӯи созандагию офарандагии худ ҳанӯз дар рӯзҳои аввали роҳбариаш бо итминони қавӣ иброз дошта буд, ки “Ман ба шумо сулҳ меорам” ва “То он замоне, ки як тоҷик берун аз Ватан гуреза аст, ман ором буда наметавонам”.
Баъди гуфтушунидҳои зиёду чорасозиҳои фаровон ниҳоят он рӯзи фаромӯшнашаванда 27 июни соли 1997 – Рӯзи имзои санади тақдирсози Сулҳу истиқрори миллӣ дар шаҳри Москва фаро расид, ки дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гаштанд. Ва ниҳоят ба гуфтаи шоири маҳбуби тоҷик Лоиқ Шералӣ:
“Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад”.
Ҷиҳати дар амал ҷорӣ намудани мақсаду мароми барқарории сулҳу оромӣ корҳои бузургеро ба анҷом расонидан лозим меомад, ки мушкилтарини онҳо ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ва сохторҳои низомии мамлакат шомил намудани размандагони собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик ба шумор меравад. Ба ҳам овардан ва дар як сафи низомӣ қарор додани нафароне, ки дирӯз дар сангарҳо муқобили ҳам қарор доштанд, таҷрибаву падидаи нодиртарин буда, дар ҳалли низоъҳои дохилӣ беназир мебошад.
Имрӯз, ки мо тоҷикон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар мебарем, бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем, сулҳу оштии миллиро ҳамчун гавҳараки чашми худ ҳифз намоем.
Иди Ваҳдату оштӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Муминзода Қутбиддин, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Напечатать страницу