Тозагӣ гарави саломатист, шанбегӣ дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар СОИ ҶТ бо ҷалби кормандон ба таври дастаҷамъона шанбеги баргузор гардид, ки мақсади асоси, ин тозагии гирду атроф ва амалисозии чорабиниҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба пешгирии пайдоиш ва паҳншавии пандемияи сироятии коронавирус (COVID-19) дар қаламрави мамлакат мебошад.

Кормандон бо мақсади  амалисозии чорабиниҳои маҷмаавии профилактикӣ ва санитарию гигиении қабулшуда, гирду атрофи бино, даромадгоҳ ва утоқҳои кориро бо истифода маҳлули хлор ва дигар маҳлулҳои зиддибартериявӣ шуста тоза намуданд.

Қайд менамоем, ки роҳбарияти суд доимо ба кормандон ва шаҳрвандоне ки ба суд ворид мешаванд корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида, дар бино ва даромадгоҳи он баҳри пешгирии пайдоиш ва паҳншавии ин пандемияи сирояти чораҳои заруриро андешида истодаанд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

 

Напечатать страницу Напечатать страницу