Қалъаи Ҳисор

Қалъаи Ҳисор ҳамчун шоҳиди бузурги корнамоии аҷдодон, ёдгоре аз шаҳрҳои бостон, нишонае аз аҳди Ҳахоманишиҳо – намунаест аз даврони пуршаъну шон – аз аҳди Сосониёну Сомониён.

Қалъаи Ҳисор – ормони дили ҳазорҳо аҷдодони дар ҳасрати Истиқлолият, сулҳу осоиш ҷон ба ҷонофарин супорида ва мулки худододи аз ниёгон мерос монда барои ҳар тоҷику тоҷикистони азиз буду ҳаст.
Қалъаи Ҳисор боз аз он ҷиҳат барои ҳар тоҷики ватандӯст азиз аст, ки Эъломияи таъсиси давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1924 маҳз дар майдони Регистони ин ҷо хонда шудааст.
Агарчи дарвозаи Қалъаи Ҳисор умри 500-сола дошта бошад ҳам, пойдевори он таърихи зиёда аз 3 ҳазорсоларо дар худ ниҳон дорад. Аз ин макон аслиҳаи даврони санг пайдо гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки мавқеи ҷуғрофии шаҳри Ҳисор, фазои мусоиди экологӣ ва иншооти соҳа, аз қабили мамнӯъгоҳи «Қалъаи Ҳисор», осоишгоҳҳои «Шоҳамбарӣ» ва «Сатурн», мамнуъгоҳи таърихию мадании Ҳисор барои рушди сайёҳӣ иқтидорӣ воқеӣ доранд.

Напечатать страницу Напечатать страницу