Сафари кори ба шаҳри Бохтар ҷиҳати натиҷагири аз фаъолияти судяҳои суди иқтисодии вилояти Хатлон

Имрӯз Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо судяҳои ҷумҳурӣ аз 21 ноябри соли 2019 баён доштанд  ва иҷрои банди 3 нақшаи чорабиниҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Таҳлили ҷамъбасти фаъолияти солонаи ҳар як судя дар соли 2019” ба шаҳри Бохтар, сафари кори анҷом доданд.

Зимни сафари корӣ ахбороти ҳар як судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон ва натиҷаи фаъолияти солонаи онҳо таҳлил гардида баҳогузори карда шуд.

Баъд аз натиҷагири аз фаъолияти судяҳо Раиси суди Олии иқтисоди Қаландарзода Мавлуда бо судҳо ва кормандони суди иқтисодии вилояти хатлон вохӯрӣ ва суҳбат гузарониданд.

Қаландарзода Мавлуда ба судяҳо ва кормандон изҳор намуданд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барномаҳои давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳо аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзўи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушуматомез», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо аҳоли вохури гузаронида, бо мақсади таблиғу ташвиқ, мунтазам судҳои сайёр таъин намоянд, тавассути воситаҳои ахбори омма баромад намуда, дар вохўриву мулоқотҳо бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида шавад

Фаъол будани сомонаи суди иқтисодии вилояти Хатлон ва нашр намудани иттилоот оид ба фаъолияти суд, гузаштан ба  коргузорӣ электронӣ, ҳамзамон истифодаи васеъи почтаи электрони дар фаъолияти ҳамарӯза мавзуъҳое буданд, ки Раиси Суди Олии иқтисодӣ таваҷуҳи  хоса зоҳир намуданд.

Дар идомаи сафари корӣ аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди иқтисодии вилояти Хатлон 12 нафар шаҳрвандонро қабул намуда бобати пешниҳод ва барраси намудани муроҷиатҳои онҳо ба роҳбарияти суди иқтисодии вилояти Хатлон супоришҳои мушаххас доданд.

Қобили қайд аст, ки бобати амали гардонидани дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 марбут ба роҳандози намудани қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбе тибқи муқарароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шаҳсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дар судҳои иқтисоди қабули шаҳрвандон ба роҳ монда мешавад.

Напечатать страницу Напечатать страницу