Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб меравад. – Мудири бахши кадрҳои СОИ ҶТ, Шарофзода Далер

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 26 декабри соли 2019 баргузор гардид, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Бояд зикр гардид, ки рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд.

Аллакай, дар зарфи соли якуми эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар деҳоти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ идома ёфта истодааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ қайд намуданд, ки мо бояд суръати ободонӣ ва бунёдкориро боз ҳам вусъат бахшем, мушкилоти чойдоштаро бартараф созем ва барои рушди деҳот, сайёҳӣ ва тақвияти омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем.

То имрӯз дар кишвар зиёда аз 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, 15 лоиҳаи инфрасохтори сайёҳӣ аз имтиёзҳои пешбинишуда бархурдор гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нуҳ моҳи соли 2019 беш аз як миллион нафар сайёҳон аз мавзеъҳои нодири кишвари мо дидан кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 20 фоиз зиёд мебошад.

Аз ин лиҳоз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадихуд изҳор доштанд, ки дар соли 2020 ва солҳои минбаъда шароити инфрасохтори сайёҳӣ дар ҳамаи мавзеъҳои сайёҳӣ беҳтар карда, сатҳу сифати хизматрасонӣ боз ҳам баланд бардошта шавад.

Бинобар ин, бо мақсади рақобатпазир гардонидани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосирро омода намуда, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори сайёҳӣ ба воя расонем.

Зеро, рушди сайёҳӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос дар ин самт ба пешрафти иқтисоди миллии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳонро ба мамлакат зиёд менамояд ва барои таъсиси ҷойҳои корӣ имкони бештар фароҳам меорад.

Ба хотири муҳайё кардани шароити муосири таълимӣ барои тарбияи кадрҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шавад.

Чунки, ба хотири рушди ин соҳаи муҳим тамоми сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ якҷо фаъолият намуда, ҷиҳати муаррифии арзандаи Тоҷикистони азиз талоши бештар мекунанд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони хориҷие, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз як миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамоянд, пешниҳод мешавад, ки ба онҳо аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар раводиди бисёркаратаи панҷсола дода шавад.

Аз ҷумла, дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон, пешниҳод шуд, ки ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷие, ки ҳуқуқи бо тартиби содда гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, раводиди навъи сайёҳии бисёркарата дода, муҳлати он то 60 рӯз дароз карда шавад.

Илова бар ин, бо мақсади соддагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, раводиди бисёркаратаи сесола дода шавад.

Аз ин ру, зимни ироаи Паём Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати корҳои хориҷиро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати татбиқи пешниҳодҳои зикргардида, лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Ҳамчунин, ба Кумитаи рушди сайёҳи дастур дода шуд, ки бо мақсади тарғиби бештари омилҳои таърихиву фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ, истироҳативу табобатӣ ва экологии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои дар ин соҳа пешрафта пешниҳодҳои мушаххас манзур намояд.

 

Напечатать страницу Напечатать страницу