Сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона равона карда шудааст. Аз ин рӯ, дар шароити дигаргунсозиҳои демократӣ нақша ва мавқеи ҳуқуқ дар танзими ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва давлатию ҷамъиятӣ устувор мегардад, ки ҳамаи ин тавассути таҳия ва қабули қонунҳо ба амал бароварда мешавад.
Бо эътирофи он, ки таъмин ва иҷрои қонунҳои амалкунанда бе таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ғайриимкон аст, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 таҳти №691 “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2008 таҳти №233 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳое, ки дар Пайёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008 баён гардидаанд” қабул карда шудааст.
Роҳҳои ноил гардидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои асосии Барнома бо воситаҳои зерин ба амал бароварда мешаванд: баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии инсондӯстона, арзишҳои ҳуқуқии умумиинсонӣ ва миллӣ, асосҳои олии ахлоқӣ дар ҷомеа; таъсис намудани клиникаҳои ҳуқуқӣ бо ҷалби донишҷўёни курсҳои болоии факултетҳои ҳуқуқшиносии мактабҳои таҳсилоти олӣ ба таври ихтиёрӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби онҳо бо роҳбарии бевоситаи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ; дар матбуоти ҷумҳуриявӣ кушодани лавҳаи “Мо, Шумо ва ҳуқуқи Шумо”; ташкил намудани қабулгоҳҳои ҷамъиятии шахсони мансабдори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо мақсади таъмини қабули саривақтии шаҳрвандон аз ҷониби ҳамаи роҳбарони мақомоти давлатӣ дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон”; таъсиси машварати ҳуқуқии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади таъмини саривақтии расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита монеъа гардидан аз поймолшавии ҳуқуқҳои конунститутсионӣ, озодӣ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандон аз ҷониби шахсони мансабдор ва аз вазифаҳои мансабӣ суистифода намудани онҳо; ҷудо намудани вақти эфирӣ дар радио ва телевизион таҳти унвони “Маҳфили ҳуқуқӣ” ва ташкил намудани қабули сайёри шаҳрвандон дар асоси нақшаи тартибдодаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот; зиёд намудани шумораи мурофиаи судии сайёр ва тақвият бахшидан ба фаъолияти судҳои ҳакамӣ бо ҷалби бештари шумораи аҳолӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои ҳакамӣ”; тақвият бахшидан ба фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо ҷалби шаҳрвандон ва дар ҳаёт амалӣ намудани таклифу пешниҳодоти шаҳрвандон; иштироки бевоситаи ҳуқуқшиносон, кормандони мақомоти адлия, аз ҷумла, нотариусони давлатӣ, кормандони шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар пешбурди фаъолияти тарғиботу ташвиқоти ҳуқуқӣ; ташкили гӯшаҳои ҳуқуқӣ бо таъмини адабиёти ҳуқуқӣ дар китобхонаҳо ва ҷоннок намудани фаъолияти онҳо; гузаронидани вохӯриҳои зиёд бо коллективҳои мехнатӣ ва аҳолӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқие, ки хусусияти гражданӣ, меҳнатӣ ва манзилӣ доранд; гузаронидани чорабиниҳои ҳуқуқии берун аз мактабӣ дар асоси барномаи таҳиянамудаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Академияи таҳсилоти Тоҷикистон”, дар мувофиқа бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, гузаронидани олимпиадаҳо, навиштани иншои беҳтарин дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ, гузаронидани мубоҳисаҳои ҳуқуқӣ ва амсоли инҳо; амалӣ намудани таълим ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ дар ҳамаи муассиаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, мактабҳои олӣ ва баъд аз дипломӣ; ба роҳ мондани омӯзиши фанни “Асосҳои давлат ва ҳуқуқ” дар муассисаҳои таълимӣ дар асоси барномаи махсуси таҳиянамудани Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Академияи таҳсилоти Тоҷикистон”, ки ҳадафи он тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром нисбат ба шахсони калонсол ва падару модар мебошад.
Бинобар соли равон ба охир расидани муҳлати Барномаи мазкур, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 зарур шумориданд, ки барои даҳсолаи минбаъда барномаи нав таҳия ва қабул карда шавад.
Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019 таҳти №599 “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” тасдиқ карда шудааст.
Асосҳои ҳуқуқии Барномаро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шудаанд, қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ташкил менамоянд.
Судҳои иқтисоди низ дар амалӣ намудани бандҳои Барнома тибқи нақшачорабиниҳо фаъолона иштирок мекунанд. Аз ҷумла: Дар рўзномаву маҷаллаҳо ва сомонаи судҳои иқтисодӣ ба таври доимӣ маводҳои ҳуқуқӣ нашр мекунанд. Ҳангоми баргузории маҷлисҳои судӣ ва маҷлисҳои сайёри судӣ дар муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳҳо, идораву корхонаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бевосита бо мардум вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, эълони солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, амали намудани “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019, аҳмият ва ҷойгоҳи Конститутсия дар ҷомеаи демократӣ, ба кор даромадани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ҳифзи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ дар миёни ҷомеа, пешгирии экстремизм ва ифротгароӣ, эмин нигоҳ доштани аҳли ҷомеа, пешгирии бахсус ҷавонон аз таъсири ҳар гуна ҳаракатҳои тундраву бегона, шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ”, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Мубориза ба зиддӣ коррупсия” ва дигар қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии амадкунанда суҳбат ороста, ба саволҳои иштироккунандагон посухҳои мушаххас медиҳанд.
Амализозии Барнома оммавигардонии ҳуқуқи инсонро таъмин намуда, ба эҳтироми қонун, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, ки дар ниҳоят сатҳи фарҳангии ҳуқуқии шаҳрвандон, ки бо рафтори қонунӣ ва фаъолияти шаҳрвандӣ фарқ мекунад, мусоидат хоҳад кард.
Напечатать страницу