Ба истифода додани як қатор иншоотҳои ҷашнӣ дар ноҳияи Спитамен

Тазаккур бояд дод, ки бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид.

Дар асоси нақшаи алоҳидаи тасдиқгардида шурӯъ аз 2 то 9 сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди ҷамоатҳо, шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯриву мулоқот ва чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида, мардуми маҳаллӣ ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод карда шудаанд.

Чорабиниҳои  тантанавии идона дар ноҳия 5 сентябри соли равон гузаронида, сараввал маросими ба истифода додани  иншоотҳои ҷашнӣ оғоз ёфт. Аз ҷумла, дар ноҳия – 13 адад иншоотҳои таъиноташон гунонгун мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор гирифт

Субҳи ҳамон рӯз дар Ҷамоати деҳоти Куруш раиси Суди Олии  иқтисодӣ  муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ  дар маросими  кушодашавии   сехи ҳайкалтарошӣ ва маркази хизматрасонии ҳунарҳои мардумӣ иштирок  намуданд.

Иншооти мазкур   аз ҷониби ҳунарманд ва соҳибкори  ҳамин ноҳияи  Акрамов Х. сохта ба истифода  дода  шудааст. Барои сохтан ва ба истифода додани ин иншоот аз ҷониби соҳибкор 145 ҳазор масраф гардидааст.

Сипас, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати Куруш дар маросими кушодашавии майдончаи варзишӣ шикат варзиданд. Ин иншоот бо харҷи 380 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Норалиев Шоҳҷаҳон бунёд гардидааст, ки ҳамчун туҳфаи идона ба ҷавонон ва варзишгарони ҷамоат тқдим гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бобати иҷрои  корҳои  ободониву  созандагӣ дар ноҳияи Спитамен  то ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ як қатор  иншоотҳо, ки бунёди онҳо  дар соли равон ба нақша  гирифта буданд, қабул ва мавриди  истифода  қарор дода шудаанд.

Бахшида ба ин ҷашни фархунда дар Ҷамоати шаҳраки Навкат як нуқтаи сӯзишворӣ, гази моеъ ва хизматрасонии техникӣ аз ҷониби соҳибкор Камолова М. бо харҷи 371,9 ҳазор сомонӣ,   дар Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев нуқтаи комплекси хизматрасонии зообайторӣ аз ҷониби соҳибкор Раҳимов М. Бо харҷи 56,5 ҳазор сомонӣ,  дар деҳаи  Андарсой аз ҷониби соҳибкор Турабоева Н., бо харҷи 60 ҳазор сомонӣ нуқтаи хизматрасонӣ, мағозаи тиҷоратӣ ва истгоҳ,  аз ҷониби соҳибкор Фатҳуллоев Ҳ бинои дуошёнаи маркази хизматрасонӣ бо харҷи 380 ҳазор сомонӣ, дар деҳаи Янгиобод аз ҷониби соҳибкор Калонов А бинои дуошёнаи маркази хизматрасонӣ ва дорухона бо харҷи 250 ҳазор сомонӣ, дар деҳаи Ҳаштяк аз ҷониби соҳибкор Ҳоҷиев А.  бинои дуошёнаи маркази хизматрасонӣ ва мағозаи тиҷоратӣ ба маблағи 23,2 ҳазор сомонӣ, дар деҳаи Куркат аз ҷониби соҳибкор Каримов О. бинои дуошёнаи маркази хизматрасони ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ, дар деҳаи Метар аз ҷониби соҳибкор Шералиев О. бинои дуошёнаи маркази хизматрасонӣ бо харҷи 130 ҳазор сомонӣ,  дар деҳаи Тағояк аз ҷониби соҳибкор Давлатов А. гармхона ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ, ҳамчунин аз ҷониби хоҷагии деҳқонии “Дӯстобод-2” гармхонаи замонавии гидропоникӣ дар масоҳати 1 га бо харҷи 1 миллион сомонӣ ва  дар деҳаи Ҷовидон аз ҷониби соҳибкорон ва мардуми маҳаллӣ сохтмони 1 км роҳрав ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Иншоотҳои номбурда дар маросими тантанавӣ ифтитоҳ гардиданд.

Инчунин  дар Ҷамоати деҳоти Тағояк  таъмиру тармим ва азнавсозии бунгоҳи тиббӣ ба анҷом расонида шуд.

Тазаккур бояд дод, ки аз 410 иншооти ба нақша гирифташуда ба ҳолати 09 сентябри соли 2019 – 210  адад иншоот ба истифода дода шуд, ки иҷрои нақша ба 51,2 % баробар гардид.

Сипас дар Қасри фарҳанги  ноҳия    бахшида ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти Давлатӣ маҷлиси тантанавӣ  баргузор  гардид. Дар он Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок  ва суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28-умин солгарди онро таҷлил менамоем, бузургтарин ва муҳимтарин воқеаи таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб рафта, муқаддастарин ҷашни миллию давлатии мо мебошад.

Халқи Тоҷикистон бо иродаи қавӣ, рӯҳияи шикастнопазир тавонистанд баҳри устувории истиқлолияту озодии Тоҷикистон ва якпорчагии Ватани азизамон саҳмгузор бошанд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳифз намуда, давлати навини ҷавони тоҷикро аз хатари нобудшавӣ ва миллатро аз парокандагӣ наҷот доданд.

Дар фарҷоми суханрони Раис Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни ҳамоишро ба  муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Ба ин муносибат, ба сокинони сарбаланди ноҳияи Спитамен, салому пайёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, инчунин  аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинонро самимона табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ, хонаободӣ ва саодати рӯзгорро орзу намуданд.

Баъд аз анҷоми қисмати  табрикотӣ, 40 нафар фаъолон барои фаъолияти пурсамар тибқи қарори Раиси ноҳия бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Чорабиниҳои асосии фарҳангӣ бегоҳии ҳамон рӯз дар майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия баргузор гардид, ки дар он ҳокими шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Файзуллоев Зафар Ҷаруллоевич бо як гурӯҳ меҳмонон иштирок намуданд. Чорабинии фарҳангӣ бо барномаи  консертӣ  бо иштироки  ҳунармандони Тоҷикистону  Узбекистон доир гардид.

28 солгарди Истиқлоляти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен бо тантана ва шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу