Санаи 09 августи соли 2019 судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимзода Б.Р., Азизӣ Ҷ.А. ва мутахассиси пешбари Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамроқулзода Б. дар Ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт бо сокинон ва фаъолони ин Ҷамоат вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар ифтитоҳ судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Ҷ.А. баромад намуда, доир ба таърихи ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ, дастовардҳои Истиқлолият ва вазифаи ҳар як шаҳрванд оид ба ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, соҳибихтиёрӣ, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Сипас судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимзода Б.Р. вобаста ба риояи тартибот ва қонунгузорӣ баромад намуда, ба сокинон мазмуну мӯҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ ва пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятҳо тавзеҳ дод.
Инчунин дар мулоқот мутахассиси пешбари Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамроқулзода Б.А. доир ба моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму табияи фарзанд” суханронӣ намуд.
